Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони меҳнат рафтанд

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чанде аз собиқадорони меҳнат ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини шаҳри Бӯстон, собиқадори соҳаи саноат Николай Морозов ва Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Баҳриддин Ахмедовро аёдат карда, фарорасии ҷашни мубораку таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатиро ба онҳо табрик гуфтанд.

Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, меҳнати чунин шахсиятҳое, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми шоиста гузоштаанд, қадр карда мешавад.

Аёдатшудагон бо изҳори хурсандии бепоён сипосмандии худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh