БАРОИ ВАКСИНАШУДАҲО НИҚОБ ҲАТМИСТ?

Аксар мекӯшанд худ ва наздикони худро аз гирифторшавӣ ба вируси корона ҳифз кунанд ва қоидаҳои оддии гигиению санитариро риоя менамоянд. Вале ҳастанд афроде, ки ин ҳамаро сарфи назар карда, на риояи масофаро медонанду на пӯшидани ниқобро ба назар мегиранд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба талаботи истифодабарии ниқоб дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳое, ки барои инсон хавфнок аст, ба масъулини дахлдор расман фармоиш ба тавсиб расида буд. Аз рӯзи пайдоиши вируси COVID – 19 дар вилояти Суғд аз ҷониби масъулин корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҳамчунин, гирифтани ваксинаи зидди коронавирус пурзӯр гардонида шудааст.

Имрӯз то кадом андоза сокинон реҷаи ниқоб ва масофаро риоя мекунанд? Барои ба ин суол посух гирифтан ба мавзеъҳои серодам равон шудем. Бештар риояи масофа дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ ва бозору мағоза зарур аст, аз ин лиҳоз, дохили нақлиёти мусофиркашонӣ гардидем. Нақлиёти мусофиркашонии хатсайри 80 аз мусофирон пур буд, вале ба ҷуз ду нафар боқимонда бе ниқоб менишастанд. Аз онҳо сабаб пурсидем, яке писханд заду дигаре гуфт, ки ваксина гирифтаасту барои ӯ дигар беморӣ хатар надорад ва сеюмин гуфт, ки бо ниқобу бе ниқоб ҳам ба вирус гирифтор шудан мумкин аст. Сониян, ба нақлиёти мусофиркашонии хатсайри 41 савор шудем. Дар он нақлиёт ягон нафар ниқоб надоштанд. Ҳама бо ҳамдигар беаҳамият суҳбат мекарданду худмуҳофизатӣ ба хаёлашон намеомад. Вақте дар мавриди напӯшидани ниқоб ҳарф задем, якбора хомӯшӣ фаро гирифт, яке гуфт, ки аз хотираш баромадаасту дигаре ҳарф зад, ки ваксина гирифтааст ва сеюмин афзуд, ки ниқоб зарур нест, онро танҳо нафароне истифода мебаранд, ки масунияти паст ва ё ягон беморӣ доранд. Зани солхӯрдае дар қафо нишаста, бомаром атсаю сулфа мекард ва баробари ин ниқоб надошт. Хостем бо он зан суҳбат кунем, вале ӯ рӯяшро гардонид. Ин навбат дохили автобуси рақами 1 гардидем. Он пур аз мусофир буд. Тақрибан 6 – 8 фоизи мусофирон ниқоб доштанду дигарон бениқоб буданд. Сабаб пурсидем.

Аксар посух доданд, ки ваксина гирифтаанд ва дигар барояшон вирус хатаре надорад. Аз пурсишҳо аён гардид, ки бархе аз шаҳрвандон бар он ақидаанд, нафароне, ки ваксина гирифтаанд, зарурати пӯшидани ниқобро надоранд ва ин андеша то кадом андоза дуруст аст? Доир ба ин масъала муовини сардори Маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологии вилоят Маҷнун Орифов гуфт, ки ҳар нафаре, ки ваксина гирифтааст ва ё не бояд ҳатман аз ниқобҳои яккарата истифода барад. Гирифтани ваксина маънои напӯшидани ниқобро надорад. Ҳоло расман ягон фармон дар бобати истифода накардани ниқоб эълон нагардидааст.

Боиси таъкид аст, ки барои фаҳмонидани зарурияти истифода аз ниқоб, риояи масофа ва гирифтани ваксина дирӯз аз ҷониби Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мавзеъҳои серодам корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ гузаронида шуд. Корманди марказ Мунаввара Бутаева дар бобати талабот оид ба тарзи истифодабарии ниқоб гуфт, ки бояд ҳар нафар дар мавзеъҳои серодам, аз ҷумла, дар дохили муассисаҳои табобатӣ, марказҳои тиҷоратӣ, бозор, марказ ва нуқтаи савдо, вокзалу фурудгоҳ ва дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилӣ, истгоҳҳо, гулгашт, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ бояд аз ниқобҳои яккарата ва бисёркарата истифода баранд. Истифодаи ниқобҳои яккарата дар давоми 2 3 соат, ниқоби бисёркарата аз 5 то 8 соатро дар бар мегирад. Ниқобҳои истифодашударо баъзеҳо бепарво ба ҳар тараф мепартоянд, вале набояд фаромӯш кард, ки он бояд дар борхалтаи полиэтиленӣ ҷойгир карда шуда, ба зарфи партови сарпӯшдор партофта шавад.

Барои аҳолиро дар бобати тарзи истифодабарии ниқоб, риояи масофа 10 ҳазор ниқоби яккарата ройгон тақсим карда шуданд, гуфт ӯ. Аз гуфтаи масъулин бармеояд, ҳар нафаре, ки ваксина гирифтааст, бояд барои истифодаи ниқоб ва риояи масофа бетараф набошад, зеро саломатии худу атрофиёнро бояд ҳифз кард. Агар оила солим бошад, пас ҷомеа низ солим хоҳад буд.

Ӯғулойи СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh