АЗ ҚИСМАТАМ ҲАРГИЗ МАНОЛАМ!

Аз рӯҳафтодаӣ  то ба зинаҳои баланд

Маъюбон ҷузъи ҷудонопазири ҷамъият ба ҳисоб рафта, пайваста таҳти ғамхории давлату Ҳукумат қарор ва дар пешрафти кишвари маҳбуб саҳми назаррас доранд. Ҳамасола санаи 8‐уми июл рӯзи маъюбон таҷлил ва баъзеи онҳо бо кӯмакпулӣ таъмин мегарданд. Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ бошад, пайваста дастгирӣ меёбанд. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамаи табақаи кишвар баробар зисту иқомат доранд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба чунин қишри ҷомеа лоиқи таҳсин аст.

Саодат Алиева сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, маъюби гурӯҳи дуюм аст. Саодат бо вуҷуди маъюб будан худро хушбахт меҳисобад. Ин зани баофият айни ҳол 37 сол дошта, саргузашти зиндагиашро варақгардон намуд. Ӯ бемории ирсии модарзодӣ дошта, азият мекашад. Бино ба гуфти ин зан дар вақти таваллудаш ду пояш аз қисми болоӣ ҷудо шудаанд, вале хушбахтона, ӯ бе ёрдами шахсе имрӯз роҳ мегардад.

 Бино ба гуфти ӯ модараш Фароғат Алиева айни ҳол нафақахӯр буда, ҳамеша ҳамроҳаш асту ягона бародараш доимо кӯмакрасони ӯст. Аз пастиву баландиҳои зиндагӣ дилгир нест, ӯро ҳамеша аҳли оила эркаи хонадон медонанду нозҳояшро мебардоранд. Бо амри тақдир дар синнӣ шашсолагӣ падараш ба садамае дучор гардиду вафот кард. Дили Саодат дубора шикаставу хаёлан ночор гашт, вале доимо бо ёди падар асту шукрона аз будани модару додар дорад. Саодат даврони аввалини мактабравиашро ба ёд оварда, аз он рӯзҳо нақл кард. Соли 1992 ҳамроҳи модарам ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 ба синфи якум рафтам. Роҳбари синф Мавҷуда Ёқубова маро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифт, аммо бо вуҷуди он худро байни ҳамсинфон ногувор ҳис мекардам.

Муаллима маро ба ҳамсинфонам шиносониду изҳор кард, ки дар ҳама ҳолат кӯмакам намоянд. Дурии роҳ сабаб шуду баъди хатми синфи якум ба МТМУ № 80, ки ба ҳавлиамон наздик аст рафтам. Азбаски роҳравиам каме душвор аст, ҳар субҳ ҳамроҳи модарам ба мактаб мерафтаму вақти бозгашт баъзан вақт ҳамсинфонам ҷузвдонамро то назди ҳавлимон меоварданд. Буданд ҳолатҳое, ки худро шахси нолозим ҳис мекардам. Баъзеҳо маро масхара мекарданд, тааҷҷубовар менигарис‐танд. Бо чашми гирён ба хона бармегаштам, ки чаро тақдири ман чунин аст. Саодат нигаронӣ аз баъзе ашхос дорад, ки муносибати дағалона ва нигоҳи тааҷҷубона доранд. Набояд сухани ширинро аз ҳамдигар дареғ дорем. Вагарна талхии сухан якумр одамро дилозурда месозад. Мо ташнаи суханони нек буда, худро маъюб намеҳисобем. Бо ҳамин аҳвол баъди хатми синфи нӯҳ аз одамон канора меҷустам, нигоҳи беҷо диламро мешикаст. Модарам маро ба зиндагӣ дилгарм месохту бароям дарси зиндагӣ меомӯзонид. Ба хулосае омадам, ки бояд ба худ шуғле пайдо намоям, мегӯяд Саодат. Ба қисматам тан додам. Рӯзе модарам хушхабаре овард, ки дар деҳа сехи дӯзандагӣ барои маъюбон ташкил шудааст.

Баъди ҳашт соли танаффуси хатми мактаб яъне соли 2012‐ум дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дӯзандагӣ барои духтарони маъюбиятдошта ташкил гардид. Банда бо кӯмаку дастгирии роҳбари ин ташкилот Рамзиддин Ҷӯраев ва муаллима Розия Ҷарқинзода барои омӯхтани касбу ҳунар даъват гардидам. Аз ҳамон сол то ин дам касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва чанд намуд ҳунарҳои мардумиро аз худ кардам. Баъдан бо дастгирии директори Литсейи касбӣ‐техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳасан Каримов ба он ҷо дохил гардида, ду сол таҳсил намудам.

Аз ҳамон рӯз ба ҳаёти минбаъдаам гардиши куллӣ ворид ва дилам дубора ба ҳаёт гарм шуд, мегӯяд Саодат. Ҳамчунин, бахт бароям хандиду соли 2016 ум бо кӯмаку дастгирии ҳамешагии роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин Ҷӯраев банда тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит бо имтиёзи 250 хол дохил шуда, хушбахтона, унвони донишҷӯӣ насибам гардид. Аз сабаби шартномавӣ будани таҳсилам, рӯзе ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳомидҷон маро наздаш даъват намуда иброз дошт, ки маблағи таҳсиламро 50 фоиз мекунад ва бояд ҳуҷҷатҳоямро пешкаш намоям.

Имрӯз маҳз бо заҳмату талошҳои устодон донишгоҳро хатм кардам. Аз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода пайваста барои мо, шахсони маъюбиятдошта эҳсос мешавад, бо хушҳолӣ гуфт ӯ.

Саодат аз соли 2012 –ум инҷониб барои пеш бурдани шароити зиндагӣ ва амалӣ сохтани орзуҳояш дар Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муовини раиси ҷамъият фаъолият дорад. Бино ба гуфти ӯ, ба ҷамъият аз тарафи саховатмандону сокинон барои шахсони маъюбиятдошта кӯмакҳо расонида мешавад. Кам нестанд шахсоне, ки мисли Саодат, бо амри қисмат маъюб гаштаву худро танҳо ҳис мекунанд. Ба гуфти ин қаҳрамонзан, набояд аз тақдири хеш рӯҳан шикаставу ношукрӣ кард.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh