НИГОҲИ ПУР АЗ АРМОН

Дарднок аст вақте шаҳди зиндагиро начашида, мубталои беморие гардӣ, бо ҳамсолон хурсандӣ карда натавонӣ. Ҳама орзуҳои кӯчаки кӯдакӣ, ин ҳам бозӣ бо ҳамсолону ҳамсоягон дар кӯчаву саҳни ҳавлӣ армон монанд. Мо дар ҳаёти ҳаррӯза бо қиссаҳои кӯдаконе ошно мешавем, ки беморанду беҳоланд. Дар чашмони ин кӯдакони маъсум хати умед ба зиндагӣ ва зинда монданро мехонӣ.

Онҳо мехоҳанд бо волидон бошанду бо хоҳару бародарон бузург шаванд, лаззати ҳаёти инсониро чашанд. Вақте дарду ранҷи кашидаи ҷигарбандашро волидайн мебинаду барои кӯдаки маъсумаш коре карда наметавонад, вазнинтарин лаҳзаҳо хоҳанд буд. Беҳтарин ҳадя ин хандаи беғаши кӯдак аст, беҳтарин туҳфа ҳалқаи дастони фарзанд бар гардани модар аст, вақте ӯ сахт оғӯш мекунаду мегӯяд: «Ман туро дӯст медорам...»

…Ҳар боре бо рӯзноманигор Баҳринисо Абдураҳмонова дучор меоям, пайваста дар бораи кӯдакон ҳарф мезанад, аз рӯзгори имрӯзаи баъзеи онҳо бо афсӯсу дард сухан меронад. –Айни ҳол аз рӯи лоиҳаи ёрии махсусгардонидаи паллиативӣ барои кӯдакони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорам, ки онро Институти ҷамъияти кушода–«Бунёди мадад»‐и Тоҷикистон дастгирӣ менамояд,–афзуд номбурда.

Ин ҷо аслан маънӣ ва мақсади ташкилоти мазкурро ба хонанда бояд ошно созем. Ҳадафи асосии кӯмаки “паллиативӣ” ин самаранок ва сари вақт бартараф кардани дард ва рафъи паёмадҳои вазнини беморӣ, расонидани кӯмаки ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳӣ мебошад. Маънии калимаи паллиатив кӯмаки аввалин дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёт, яъне ёрӣ додан ба ононе, ки дар лаҳзаҳои охирини зиндагӣ дучори шадиди дард мешаванд ва аз дафтари умрашон рӯзҳои башумор боқӣ монда…

–Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44 нафар гирифтори бемориҳои саратон байни бачагони то 18 сола ба қайд гирифта шудаанд. Ташкилоти мо бачагони беморро бо доруҳои босифати беҳискунӣ, плазмаи хун ва алалхусус, баъзеи онҳоро дар ҳолати сахт эҳтиёҷ доштанашон бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин менамояд, дар иду айём, рӯзи милод туҳфаҳо ҳадя месозад. Боиси таассуф аст, ки бештари онҳо аз оилаҳои камбизоат ҳастанд. Соли гузашта аз рӯи фаъолияти лоиҳаи якум 45 нафар кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шуданд, ки қисми зиёдашон аз шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, гирифтори бемории онкологӣ ҳастанд. Соли равон мақсад гузоштем, ки ба бачагони гирифтори бемориҳои саратони хун низ ёрӣ расонем. Ғайр аз кӯмаки моддӣ ҳамчунин, ба оилаи кӯдаки бемор кӯмаки равонӣ ҳам мерасонем, бо падару модари онҳо суҳбат мекунем,–изҳор дошт Баҳринисо Абдураҳмонова. Маълум гардид, ки айни ҳол дар вилоят 110 нафар кӯдаку наврасони то 18‐сола гирифтори бемории саратони хун ҳастанд. Боиси нигаронист, ки теъдоди гирифторони ин намуди беморӣ нисбат ба соли 2020, ки 50 нафар буданд, афзудааст. Барои ёрии тиббӣ расонидан ба кӯдакони дорои бемориҳои вазнин духтурони дараҷаи олӣ кӯмак мерасонанд.

 –Ёрии паллиативӣ аслан кӯмаки иҷтимоии тиббӣ ба шумор меравад. Вақте табобат дигар имконнопазир аст, ҳатто агар дар кӯдак умеди наҷот ё шифо намонда бошад ҳам, ҳаёти ӯро беҳтар кардан мумкин аст. Кӯдак бояд ба қадри имкон аз дард ва дигар зуҳуроти шадиди беморӣ озод бошад ва ин метавонад бо табобати босалоҳияти паллиативӣ ва нигоҳубини касбӣ ба даст оварда шавад. Асосан дар ин давра ба кӯдак диққати махсус додан лозим аст. Дар навбати аввал барои бачагоне, ки бо дарди шадид ба беморхона оварда мешаванд, бо кӯмаки ташкилоти ёрии махсусгардонидаи паллиативӣ ҳуҷраеро бо 4 кат ва дигар таҷҳизоти муосир ба истифода додем, ки бистарӣ намоем,–гуфт зимни суҳбат мудири шуъбаи касалиҳои хуни Беморхонаи вилоятии бачагона Рустам Обидов.

Кӯмаки паллиативӣ новобаста аз хусусиятҳои беморӣ, синну сол ва вазъ ба ҳар нафар расонида мешавад. Ин миқдори тадбирҳои ташхисию табобатӣ ва манипулятсияҳои дардоварро дар ҳолатҳое кам мекунад, ки онҳо фоидаи назаррасе ба бор намеоранд. Мутахассисони бояд мушкилоти ҷисмонӣ ва равонии кӯдакро арзёбӣ ва сабук кунанд ва ба оилаҳои онҳо ёрии иҷтимоӣ расонанд. Барои таъмини самаранокии ёрии паллиативӣ бояд усули васеи бисёрсоҳавиро бо иштироки аъзои оилаи кӯдак ва истифодаи захираҳои ҷомеа татбиқ кард.

– Ёрии паллиативӣ дар марҳалаҳои гуногуни бемории табобатнашаванда расонида мешавад ва бо сифати дурусти чунин нигоҳубин кӯдакон метавонанд андаке умри дароз бинанд. Кӯдакони гирифтори бемории саратон бо дараҷаи гузашта дар миқёси вилоят зиёданд. Мо аслан барои сабук кардани дарди кӯдакони ҳолаташон вазнине, ки дар шароити хона муолиҷа мегиранд, ёрӣ мерасонем. Айни ҳол дорувориҳо арзиши гарон дошта, на ҳама дастрасӣ ба чунин доруҳои гаронарзишро доранд.

Баъзе бачагон дар ин ҳолатҳо вобаста ба беморӣ маъюб мешаванд,–афзуд табиби бачагонаи бемориҳои саратон Абдумаҷид Каримов.

– Ният дорем, дар лоиҳаи сеюм бештар барои духтурону ҳамшираҳои шафқат тренингҳои омӯзишӣ гузаронем, то онҳо таҷриба андӯхта бошанд, ки чӣ тавр ёрии паллиативӣ расонанд. Инчунин, мақсад дорем, ки бо кӯмаки ташкилот нуқтаи тиббиеро кушода, мутахассисони соҳибкасбро ҷалб созем. Ин гуна беморон бояд дар алоҳидагӣ табобат гиранд. Алҳол ташкилоти ҷаҳонии “ЮСАИД” барои бачагони дорои чунин бемориҳо кӯмак расонида, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд,–иброз дошт Баҳринисо Абдураҳмонова.

Бояд гуфт, ки ёрии паллиативиро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ҳамчун кӯмаки ҳамаҷонибаи фаъол барои одамони гирифтори бемориҳои шадид, ки дар марҳалаи авҷёбӣ қарор мегиранд, тафсир кардааст. Аслан ёрии паллиативӣ ин маҷмӯи амалҳоест, ки ба рафъи дард ва коҳиш додани зуҳуроти дигари вазнини ин беморӣ ва беҳдошти сифати зиндагии кӯдакон пеш аз фавт нигаронида шудааст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh