ВОЛОИЯТИ ҚОНУН МУҚАДДАМ ВА ШАРАФ АСТ

Дар прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли равон таҳти роҳбарии прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ баргузор гардид.

 Прокурори вилоят дар маърӯзааш зикр дошт, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун яке аз ҳадафҳои асосии кормандони прокуратура буда, онҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, номбурда зикр дошт, ки тайи ин муҳлат ҳамагӣ 952 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 16 ҳазору 788 адад қонунвайронкунӣ ошкор, баҳри бартараф ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон чораҳои гуногун андешида шуда, вобаста ба ҷиноятҳои ошкоргардида 589 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар асоси санадҳои эътирозӣ 1559 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 740 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 6630 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 132,6 миллион сомонӣ зарари моддӣ, ҳамчунин, тафтишоти пешакии 544 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 644 нафар ба охир расонида шуда, зарарҳои моддӣ ба миқдори 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ барқарор шудааст. Давоми шаш моҳ ба судҳои граҷдании шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 89 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 2,83 миллион сомонӣ оварда шудааст, ки аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои аз соли гузашта боқимонда ҳамагӣ 83 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 4,44 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 73 адад ба маблағи 3,83 миллион сомонӣ қонеъ гардонида, 10 адад бинобар ихтиёран барқарор гардидани зарар ба маблағи 611,4 ҳазор сомонӣ қатъ гардидааст. Ба судҳои иқтисодӣ 47 аризаи даъвогӣ ба маблағи 3,71 миллион сомонӣ оварда шуда, аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои даъвогии аз соли 2020 боқимонда 34 адад ба маблағи 4,857 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 33 адад ба маблағи 4,851 миллион сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 1703 адад муроҷиати шаҳрвандон ва 74 адад муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ ва мувофиқан қонеъ карда шудааст. Фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо бомуваффақона роҳандозӣ гардида, ҳамагӣ 3 ҳазору 421 чорабинии дахлдор, аз ҷумла, вохӯриву суҳбатҳо, баромадҳо дар маҷлисҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти маъмурӣ, коллективҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо ва дар васоити ахбори омма ба роҳ монда шудааст.

Баробари корҳои мусбати анҷомдодашуда дар фаъолияти кории тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва дастгоҳи прокуратураи вилоят баъзе камбудиҳо низ ҷой дошта, ҷиҳати бартараф сохтани онҳо ва тақвияти ҷиддӣ бахшидан ба фаъолияти корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh