Имрӯз Рӯзи маъюбон аст. Барои аёдати ин қишри ҷомеа 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагони муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.

Тавре маълум аст, ҳамасола 8 июл чун Рӯзи маъюбон гузаронида шуда, ба ин муносибат аз тарафи давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳо расонида мешавад. Дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дастгирии ятимону маъюбон нафақаи ҳармоҳа муқаррар гардида, илова бар ин мунтазам кӯмакпулиҳо тақдим мегардад.

Аз ҷумла, имсол дар Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси вилояти Суғд барои аёдати 700 нафар маъюбони гуруҳи як ва ду ва 300 нафар маъюбони то синни 18 сола 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар маҷмуъ 1000 нафар ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон ба бошандагони муассисаҳои иҷтимоии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ба маблағи 18 000 сомонӣ туҳфаҳои идона супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh