Ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара калиди хонаҳои нав супорида шуд

2 июли соли 2021 ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калиди хонаҳои нав супорида шуд.

Хонаҳои сокинон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд ва бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз ҷумла кӯрпаву кӯрпача, пиёлаву чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон ва сӯзану риштаву болину қолин таъмин мебошанд.

Барои 29 оила дар ду деҳаи зикршуда хонаҳои нав бунёд ва бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор ба соҳибонашон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки рафти сохтмони хонаҳо зери назорати Сарвари давлат қарор дошт ва бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят борҳо аз маҳалли сохтмони хонаҳо боздид карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён дошта, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh