ТАДБИРҲОИ МУФИДИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гашт, ки дар кори он муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят иштирок доштанд.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиро раисикунанда, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдулатиф Раҳимов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар кори ҳамоиш рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм», рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ хоҳад шуд. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома Темур Тӯйчизода мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят баромад намуд.

Мавсуф роҷеъ ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» маълумот дода, қайд кард, ки мақсад аз қабул намудани Стратегияи мазкур муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ба шумор меравад. Маълум гашт, ки баҳри пешгирии зуҳуроти экстремизму терроризм дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ташкил гардида, фаъолияти густурда доштанд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тавсеаи донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ҳисси баланди ватанпарварии шаҳрвандон, фаҳмонда додани мазмуну моҳияти сиёсати феълии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби занон, ҷавонон ва наврасон, роҳ надодан ба сар задани ҳодисаҳои номатлуб дар маҳалҳои аҳолинишин, ташкилоту муассисаҳо бо иштироки васеи ҷамоатчигӣ вохӯрию пайваста машваратҳо доир намуданд.

Таъкид шуд, ки дар муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мунтазам вохӯриву мулоқот ташкил шуда, ҳамзамон вобаста ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ифротгароӣ ва тундгароии ба терроризмбаранда, риояи ҳатмии сархати 14 моддаи 8‐уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбатҳо гузаронида шуданд. Дар музокироти масъалаи мазкур муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода ва раиси Шӯрои Созмони хонандагони вилояти Суғд ба номи Исмоили Сомонӣ Фирдавс Ашӯрматов баромад намуда, роҷеъ ба тадбирҳои дар ин самт андешидашуда ҳарф заданд.

Қайд шуд, ки бо наврасон ва ҷавонони кишвар пайваста корбарӣ гузаронида шуда, баҳри шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ тадбирҳои созанда роҳандозӣ мешавад. Сипас аз рӯи масъалаи дувуми рӯзнома Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузориш дод.

Ӯ зикр намуд, ки дар 5 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо ҳайати гурӯҳи кории мақоми ваколатдори давлатӣ, Кумитаи дин, танзими анънана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дастурдиҳии минтақавӣ барои кормандони бахшҳо, сармутахассисон оид ба дин, танзими анънана ва ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои вилоят роҷеъ ба риояи дақиқи шиносонидани қарор ва протоколҳои ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус, моҳияти низомномаҳои намунавии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, тартиби гузаронидани маросими дафну азодорӣ, тӯйҳои домодию арӯсӣ ва дар сатҳи давлатӣ ҷашнгирии санаҳои таъсиси идораву муассисаҳо, ташкилоти давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, баргузор гардидааст. Хуршеда Хоҷазода, раиси Шӯрои занони вилоят ва Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди «Шайх Маслиҳаддин»‐и шаҳри Хуҷанд дар мавриди тадбиру чораҷӯиҳои дар ин самт амалишуда сухан карда, дар шароти кунунии ҷомеа амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»‐ро амри зарурӣ арзёбӣ карданд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ роҷеъ ба масъалаҳои марбута сухан карда, таъкид намуд, ки рафти таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12‐уми ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016‐2020» бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад, раисони Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ташвиқу тарғиби амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолиятро ҷоннок намоянд. Раёсатҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши вилоят гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда таъсис дода, дар байни аҳолӣ, донишҷӯёну хонандагон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Баъд аз музокироти масъалаҳо бо қабул гардидани қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд ба кори хеш анҷом бахшид.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh