Аёдати беморон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба аёдати чанде аз беморон рафта, ба оно кумакҳои моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Робия Воҳидоваи 12 сола ва Содиқа Давроноваи 31 сола хабар гирифта, аснои суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам маъюбону эҳтиёҷмандонро дастгирӣ менамояд. Ба оилаи шахсони эҳтиёҷманд кӯмакҳо расонида шуда, ятимону маъюбон, беморону пиронсолон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеа пайваста таҳти таваҷҷуҳ қарор доранд.

Роҳбари вилоят ба беморон шифои комил хоста, таъкид кард, ки ҳеҷ гоҳ ноумед нашаванд, зеро давлат дастгиру мададгори онҳост.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh