Дар ҷаласаи корӣ вазъи эпидемиологии вилоят баррасӣ шуд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва масъулини соҳаҳои тандурустиву кишоварзӣ иштирок доштанд.

Раиси вилоят ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуд ва сипас муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ вобаста ба  вазъи эпидемиологии вилоят маълумот дод. Қайд карда шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи 21 июн аз ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба бемории сироятии коронавирус хабар дод.

Ба таъкиди мутахассисон омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкур дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ карда мешавад.

Зикр шуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар мамлакат маъракаи ваксинагузаронӣ ҷараён дорад. Дар вилоят низ дар марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус то имрӯз беш аз 32 ҳазор нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири ҷомеа ва шахсони аз 60- сола боло ваксина гирифтанд.

Раиси вилоят барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, риояи тавсияҳои табибон дар назди масъулин вазифаҳо гузошта, таъкид кард, ки бояд ҳар як инсон баҳри ҳифзи саломатии худу атрофиёнаш масъулият эҳсос намояд. Сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя карда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

Сипас, гузориши муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбари вилоят ҷиҳати ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулот барои деҳқонон, ҷамъоварии меваҷот ва дигар ҳосили пухтарасида супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh