ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, мулоқоти Сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Қасри фарҳангии «Арбоб»‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аҳли зиё, суханронии пурмуҳтавои муҳаррир ва барандаи бахши ӯзбекии барномаи «Қадрият»‐и телевизиони вилояти Суғд Наврӯза Мамирова, ки бо ду забон сурат гирифт, ҳам аҳли толор ва ҳам Президентҳои ду давлатро ба ваҷд овард. Кафкӯбии бардавоми ҳозирин, аҳсану офарин ба маҳорати шеърхонию сухангӯии ин духтараки деваштичӣ таваҷҷуҳи дигарбораи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моро водор намуд, ки бо Наврӯза Мамирова ва Фарҳод Ҷӯраев - иштирокчиёни ин мулоқот ҳамсуҳбат бишавем:

- Бинобар санаи 21 – уми март чашм ба олами ҳастӣ кушоданам, волидайн маро Наврӯза ном гузоштаанд. Деваштич, ки зодгоҳи ман аст, бароям муқаддас дониста мешавад. Айни замон ба ҳайси барандаи бахши ӯзбекии барномаи «Қадрият»‐и телевизиони вилояти Суғд фаъолият дорам.

Дар арафаи ҷашни зодрӯз ва фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ соли 2018 саҳифаҳои заррини зиндагии умрам навишта шуд. Бо ибтикори сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам шавкат Мирзиёев кушода шудани марзҳои байни ду давлати ба ҳам дӯсту бародар туҳфаи арзанда ба рӯзҳои хурсандии ман гардид. Ҳамон рӯзҳоро чу имрӯз дар хотир дорам, мардуми тоҷику ӯзбек, ки солҳо ташнаи дидори якдигар буданд, аз вохӯрӣ ашки шодӣ мерехтанду ба ҳамдигар оғӯш мекушоданд. Дар қатори дигарон ман ҳам хурсандиамро пинҳон дошта наметавонистам. Зеро, бо тақозои тақдир, даврони кӯдакию наврасиам дар кӯчаҳои Олтинводии тумани Сергили шаҳри Тошканд гузаштааст. Тоҷикону ӯзбеконро дар ҳеҷ давру замон аз ҳамдигар ҷудо наметавон кард, зеро , ба қавле, халқе ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯем. Баъди мустаҳкам гаштани риштаҳои дӯстӣ телевизиони вилояти Суғд тасмим гирифт, ки барномаи «Қадрият»‐ро бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монад. Мо, эҷодкорони барнома тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри пурмуҳтаво ва рангин ба бинанда пешкаш намудани дӯстии ин ду халқи покдил равона намуда, давомдиҳандаи дӯстии Ҷомию Навоӣ хоҳем шуд.

Ба шарофати иқдоми некбинонаи Сарони давлатҳо барои мо, ҷавонон шароити мусоиди таҳсилу фаъолият муҳайё гардидааст. Мо имрӯз ҷавонони доништалаби Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар макотиби олии Тоҷикистон ва ё донишандӯзони тоҷикистониро дар қатори таҳсилгирандагони ӯзбекистонӣ дида, бори дигар бовар кардем, ки дӯстию бародарии ин ду халқи ҳамдил мустаҳкаму пойдор аст. Бахусус, таваҷҷуҳи дигарбораи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, тақдиронида шудан бо унвони баланди «Нишони Ӯзбекистон», гирифтани туҳфаи хотиравӣ маро он қадар шоду масрур гардонд, ки қалам ба тасвираш оҷизӣ мекашад. Барои дастгириву ғамхорӣ ва эътиқоду боварӣ Президентҳои ҳар ду давлатро сипос мегӯям ва то тапиши охирини қалб барои ривоҷу равнақи дӯстии ин ду миллат ҳамчун фарзанди вафодору баору номус гуфтаниам: То ҷон дар бадан дорам, аз таҳти дил хизмат хоҳам кард!

Фарҳод Ҷӯраев – раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд:

- Хушбахт он миллату давлатест, ки роҳбаронаш ба ормонҳои мардум диққату таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамоянд. Имрӯз фаъолони ӯзбекзабони кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардида, барои гулгулшукуфии диёри хеш кӯшишу ғайрат намуда истодаанд.

Дар муддати қариб чоряк аср барқарор гаштани муносибатҳою равобити ду кишвар ба ҷомеаи ӯзбекзабони вилоят таъсири хеле назаррас расонд. Аслан ин ду халқро ба дарахте шабоҳат медиҳанд, ки як реша дораду аз як ҳаво нафас ва аз як офтоб баҳра мегиранд. Солҳои қаблӣ ҳолатҳое буданд, ки хешу табор, хоҳару бародар ба дидори якдигар расида натавонистанд.

Бо иқдоми неку олиҳимматонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳҳои байни ду давлат боз гардид. Ашки шодии мардум, ёру бародар, хоҳару додар ва хешу ақрабои баҳамрасидаро ҳангоми кушодашавии марзҳо бо сухан ифода кардан хеле мушкил аст. Марҳалаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба манфиати ҳарду кишвар буда, дар як муддати кӯтоҳ ба шарикии стратегӣ мубаддал гардидани муносибатҳои ду давлат, имзо шудани як қатор созишномаҳо барои мардуми мо бисёр сабукиҳоро овард. Давоми се моҳи аввали соли 2021 ба миқдори 28 миллион доллар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 миллион доллар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон молу маҳсулот содироту воридот шуд. Бовар дорам, агар давраи гирифторшавӣ ба бемории сироятии коронавирус намешуд, ин рақам боз ҳам афзоиш меёфт. Алҳол бозорҳои наздисарҳадӣ ҳам рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Ҳини ташрифи дирӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд вақте Сарварони ду кишвар ба қасри таърихии Арбоб қадам ниҳоданд, аҳли толор онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом қабул карданд. Вақте Президенти кишвари ӯзбекзабон Шавкат Мирзиёев аз таърих ёдовар шуда, дар бораи қадимӣ будани муносибатҳои ин ду халқи ба ҳам дӯст сухан гуфтанд, шаҳри Хуҷандро дарвозаи дӯстии халқҳо унвон карданд, шодии мо дучанд гардид. Зеро баъди барқарор шудани муносибатҳо зиёда аз 3 миллион нафар ба давлатҳои ҳамдигарӣ рафтуомад карданд. Ба имзо расидани як қатор созишномаҳо, дар ин раванд кушода шудани роҳи оҳани Самарқанду Панҷакент, сохтмони роҳи оҳани Истиқлолу Бекобод навгониҳое буданд, ки мардум солҳои тӯлонӣ интизораш буданд.

Ёдоварӣ кардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз бонуи нуктасанҷ Солеҳа Олимова, нависанда Ӯрунбой Усмон, шоира, номзади илмҳои филологӣ Мунаввара Ойматова, номзади илмҳои филологӣ Фирӯза Қаюмова ва камина боиси ифтихору шодмонист. Ин ёдоварӣ барои мо , аз як тараф боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар, масъулият аст. Бовар дорам, ҳамроҳи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Аслиддин Пӯлодов, доктори илмҳои иқтисодиёт, ноибректори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тӯрақул Ризоқулов, доктори илмҳои иқтисодӣ, ки ба наздикӣ кори илмии худро дар шаҳри Тошканд ҳимоя карданд, Хайрулло Абдуқодиров, забоншинос Абдувалӣ Бердиалиев масъулияти баланди мустаҳкам кардани робитаҳои ду кишвари ба ҳам дӯстро дар рушди соҳоти адабиёт, санъат, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва тиб боло хоҳем бурд.

Ба ҳайси раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд гуфтаниам, ки имрӯз ҷамъият хизматҳои густурда дорад. Дар телевизиони вилояти Суғд барномае бо номи «Қадрият» пешкаши тамошобин мегардад. Рӯзномаи ӯзбекии «Қадрият» дорем, ки рӯзноманигори ҷавон Ӯктамҷон Ризоев онро сарварӣ мекунад.  Ҳамчунин, мактаби «Маҳорат» доништалабонро ҳам аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам овардааст. Ҷамъият китобхонае дорад, ки мардум метавонанд, аз он фаровон истифода баранд. Торафт рушд ёфта истодани фаъолияти факултаи филологияи ӯзбек ҳамчун факултаи алоҳида барои омода намудани мутахассисони оянда мусоидатгар хоҳад шуд.

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh