ФАЗОИ ХОНАВОДАГӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Муҳимтарин вазифаи падару модар ин тарбияи дурусти фарзанд буда, ба ҳаёти минбаъдаи ӯ аҳамияти басо калон дорад. Дар хонадоне, ки дағалӣ, дуруштӣ ё зӯроварӣ ҳукмрон аст, дар он хона баракат ва ё хушиҳои зиндагӣ дида намешавад.

Масъалаи хушунат дар оила яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, новобаста аз дину оин ба он рӯ ба рӯ мешавем. Ҳаёт дорои пастиву баландиҳост ва ҳар фард хоҳ нохоҳ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардад. Инсон мекӯшад, бо ҳар роҳе душвориро паси сар намояд. Худованд ба мо неъмати бузург, ақлу хирадро ато намудааст, ки бо ин муъҷиза мо аз ҳайвон фарқ мекунем.

Бояд гуфт, ки кӯдакони бегуноҳ аз дидани хушунату зӯроварӣ бештар зарар мебинанд. Сархатиб Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода чунин иброз медорад: "Вақте фарзанд дар оила тарбияи хуб намегирад, пас аз оиладоршавӣ масъулият эҳсос намекунад, сари вақт аз ӯҳдаи корҳои хона намебарояд, ки ин баъзан вақт ба оилавайронӣ оварда мерасонад.

" Баъзе нафарон ба ин ақидаанд, ки сабабҳои пайдоиши хушунат дар он аст, ки баъзе аз хушдоманҳо асосан ба пулу мол, чизу чора дода шудаанд. Вақте ки арӯс чунин чизҳоро надорад, ҷангу ҷангҷол байни хушдоману арӯс оғоз мегардад. Мутаассифона, духтарҳои ҷавонро арӯс мекунанд, намегузоранд, ки онҳо соҳибмаълумот гарданд, ҳунар омӯзанд. Пас аз оиладорӣ бо хушунатҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.

Шаҳноза ҚОДИРОВА,

таҷрибаомӯзи “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh