Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд

16 июн раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев зимни суҳбат масоили марбут ба обу заминро баррасӣ карда, хостори таҳкими равобити дӯстона шуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои оби ду тараф ширкат доштанд.

Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки обро минбаъд бар асоси ҷадвале, ки ду тараф таъйид кардаанд, истифода мебаранд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо мувофиқа ҳосил шуд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе ҳамоҳангии ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Муаммоҳои боздошту нигоҳ доштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки давоми ду ҳафта ба миён омад аз ин баъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, сари вақт дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ ва ҳал шавад.

Инчунин ҷонибҳо дар мавриди тарғибу ташвиқи ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ ба созиш омада, таъкид доштанд,  ки чорабиниҳои муштаркаи фарҳангӣ ва дигар тадбирҳоро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунанд, роҳандозӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh