СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТ - ПЕШОРӮИ МАҚОМИ ЗАН

Шукуфоӣ, ободӣ ва озодии Тоҷикистони маҳбуб, ин Ватани аҷдодии миллати фарҳангсолори тоҷикро бо чашми ақл ва дили пурмуҳаббат мебинаму эҳсос мекунам, ки ҳамчун як фард, як зани зиёӣ назди Ватан чӣ кору пайкорҳоеро метавонем, ба иҷро бирасонем. Рисолати ватандориро ба ҷой овардан муҳимтарин рукни зиндагӣ ва саодати баланди инсонист.

Аввалан, ин ҳама рӯшноиву нуру сафои зиндагӣ ва ҳаёти пурсамар барои мардуми тоҷик аз азму субот, иқдому талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаву ба шарофат ва башорати сиёсати оқилона, хирадмандонаву халқпарваронаи Сарвари маҳбуби давлатамон маҷрои гӯё гирифтаааст. Дарозои 30 соли Истиқлолият ва анқариб чаҳоряк асри вуруди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне Ваҳдати миллӣ дар меҳвари ташаббусҳову пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти маҳбубамон Тоҷикистони азизи моро ҷаҳон шинохт, эътироф кард, эҳтирому мукаррам овард, зеро ҳақиқат ва воқеиятро ҳаргиз бими завол нест.

Истиқлолияти давлатии мо сисола камолот мегирад, Ваҳдати миллии хоси тоҷикон аз бисту чаҳор гузашта, ба чаҳор як асри комил мерасад, ин ду неъмати бисёрарзишу қиёснопазир, ин ду башоратовари тақдири миллату халқу ватани тамаддунсоз имрӯз фазо, сулҳ ва партави хуршедсон ҳамчун шафақи нурсон доман густурдааст. Истиқлолияти мо мисли кӯҳсорони сарбафалаккашида устувору баланд аст, Ваҳдати миллии мо ба сони обҳои сарчашмаву дарёҳову наҳрҳои азими диёрамон софу мусаффо, нуқрафому лазизтар аз ҳамаи дигар неъматҳои табиати биҳиштосои тоҷикон бегазанд аст. Дар воҳаи ободонӣ Истиқлол ва Ваҳдат ҳаёту рӯзгори заҳматкашони Тоҷикистон устуворӣ баргузида, рушд мекунад, пеш меравад, амсоли оинаи қаднамо ҷилвагар мешавад. Ҳама чӣ бузургсолу ҷавонон, наврасон, бонувону занони бахтёри Тоҷикистони дилбанди мо дар ин фазои орому осуда, осмони софу беғубори кишвари амнтарин диёри арҷманди тоҷикон, ин Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашанд, обод мекунанд, корҳои созандагиро вусъат медиҳанд, донишу малакаи касбиву рисолати шаҳрвандии худро ба манфиати ҷоимеаи муосир мебахшанд.

Мегӯянд, ки ғамхориву дастгирӣ ва таваҷҷуҳу эътибор дилбарӣ доранд, нерӯмандӣ меоваранд, ҳар фардро дилпуру ташаббускор менамоянд, маҳаки меҳнату эҷод, кашфиёту навгонӣ, меҳанпарастӣ маънӣ мепазиранд. Ва дар ин росто, дар ин замони соҳибистиқлоливу соҳибваҳдатӣ занони кишварамон, новобаста аз синну сол азму субот менамоянд, ки дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳме гузоранд, нақше дошта бошанд, то дар оинаи таърих муҷалло бимонанд. Бо ин азму талош исбот месозанд, ки Истиқлол ва Ваҳдат мавқеи занону бонувонро дар кадом ҷойгоҳ бароварда, дар ҷомеа муаррифӣ кардаанд. Дар ин масир Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои таърихиву андешаҳои бунёдиашон иброз намудаанд: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд».

Воқеияти имрӯзи ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад, ки саҳми занон дар соҳаҳои иҷтимоӣмаориф ва тандуристӣ, сиёсӣ‐мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, идораҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, сохторҳои дигари давлатӣ хеле ва хеле назаррас мебошаду ҳаст. Таърих ҳаками одилест, ки навиштаву нигоштаҳояш ҳеҷ ба исбот ҳоҷат надоранд, онҳо реаливу равшану худ маънипазиранд: агар ба маълумоти оморӣ муроҷиат намоем, аввали соли соҳибистиқлолӣ‐ҳазору нӯҳсаду наваду як дар як соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил намоянд, соли дуҳазору ҳаҷдаҳ, яъне баъд аз бисту ҳафт соли Истиқлол ин нишондод ба 70 фоиз расидааст.

Дар соҳаи дигари иҷтимоӣ‐тандурустӣ соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳашт аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли 2018 аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекард, ба 51 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд арзёбӣ шудааст. Сол аз сол сафу шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон меафзояд. Дар сафи низомиён низ шумораи зиёди занону бонувон либосҳои шинаму хушнамуди соҳавӣ ба бар хизмати софдилона менамоянд. Занону бонувони пурҳусну пурфатонати мо оинадорони Ваҳдат ҳастанд. Ин рисолатро давоми солҳои Истиқлол ва Ваҳдати пуриқбол онҳо аз маънои ин ду маҳфуми вусъатбор ба худ гирифтаанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Ваҳдат хусусияти миллиашро танҳо дар доираи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор мегирад». Андар партави хуршеди Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ занони Тоҷикистони биҳиштосоямон дар ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷомеа мавқеъ, манзалат ва рисолати худро доранду бо дили гарму меҳру садоқати самимӣ, бо дасту дили пок заҳмат намуда, исми беолоиши хешро маҳбубу гиромӣ медоранд, зеро ҳар яки онҳо иффату иззату некмаромӣ доранд, баҳри тарбияи насли ояндасозу меросбарони аҷдодони сарбаланду некхоҳу боҳиммат саҳми мондагору бориз мегузоранд.

Имрӯз занонбонувони мо сиёсатмадор, хизматчии давлатӣ, докторҳои илм, профессор, муҳандиси варзида, барномасози комил, эҷодкору сухандону суханшинос ҳастанд. Донандаи чанд забонҳои хориҷӣ, табибу ҳабиби мардум, омӯзгорону тарбиятгарони некӯхисол мебошанд, ки ба манфиати ҷомеа хизмат менамоянд. Ва боз чанд андеша ба хаёлам меояд: Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба занону бонувони мо чӣ дод? Аниқтараш, чӣ тӯҳфа кард? Ҳама чиз ва ҳама вусъат! Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президентамон аввалан мавқеъ ва манзалати онҳоро дар ҳаёти ҷамиятӣ боло ва воло гузоштанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва манзалати занонбонувон ҳамчун қишри заҳматпеша баҳои баланд дода, онҳоро яке аз садоқатмандони рукни давлатдорӣ унвон намуданд. Ва дар ин радиф Истиқлол ва Ваҳдат барои занон‐пешорӯи бонувон роҳи васеъ боз кард. Занон кору пайкорро дар тамоми соҳа аз тарбияи фарзанд сар карда, то самтҳои соҳибкориву маърифатомӯзӣ, касбу ҳунар, илму татқиқоти бунёдӣ, эҷодкориву фарҳангсолорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ нишон доданд, ки маҳсули самара ва натиҷаҳои неку ҳамабин ҳосил шудаанд. Занон қувва ва неруи бузурги ҷомеаи муосири мо шинохта шудаанд. Ҳар ҷо занҳо муаррифӣ мешаванд, он ҷо гулбасару гулистон маъно мегирад. Мешукуфад, ҳусн мегирад, чашмаи накӯӣ ҷӯш мезанад. Солҳои 2004‐2007‐ро ба хотир меоварам. Муаллимаи азизамон, устоди кафедраи журналистика ва назирияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Саодатхон Каримова мегуфтанд, ки имрӯз матбуоти тоҷикро бонувони эҷодкор пеш мебаранд, ба боғи сухан гулкориву гулчинӣ зам мекунанд, тозакориҳои сухангустарӣ меоваранд.

 Ба ҳамаи ин нерӯ ва азму субот, талошҳои некмаромӣ аз хондану меҳру садоқат ба қаламу сухан сарчашма мегирад. Манзараеро нақл мекарданд: «Адиби бузурги қарни ХХ Максим Горкий дар наврасӣ ва навҷавонӣ ғайри ҳаммолӣ ва баққолӣ ба касби нонвойӣ низ шуғл варзида буд. Горкий дар нонвойхона ҳангоми танаффусҳои кӯтоҳ байни кор дар миёни буйи хуши нонҳо ва бӯйи оташ ҳар дақиқаи хешро бо мутолиаи китоб ва омӯзиш, дарк кардани асли дунё пушти сар мекард ва билохира нависанда шуда ба воя расид ва дунё ӯро эътироф кард. Ба худи Горкий баъдан «мурғи оташ» ё «мурғи тӯфон» лақаб дода буданд, яъне мурғи Самандар, яъне аз навиштаҳояш бӯи хуши нон, бӯи оташ ва бӯи зиндагӣ эҳсос мегардад». Калонсолон мегӯянд, ки Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, устоди говдӯшҳои вилоят Суфро Боқиеваи дар кӯраи заҳмат пухтагардида дар Исфарамарзи бостонӣ зиндагии хоксорона, вале ибратбахш дошта, дар тарбияи беш аз даҳ фарзанди дилбанду меҳнатқарин мактаби оиладориву хонаводагии аҳлу тифоқро сохта буданд. Ғаму андӯҳро дар ҳама лаҳза ба хурсандӣ бадал месохтаанд. Гуфтаанд: хурсандӣ чизест, ки ба дил фараҳ мебахшад, қалби инсонро аз ғусса озод мекунад. Лаҳзаҳои хушбахтӣ умри инсонро дароз месозад. Одам аз лаҳзаи хурсандӣ неруи тозаву илҳоми нав мегирад. Соиб гуфта:

Зи таъсири дили бедор чашми тар шавад бино,

Ки маҳ аз нури хуршеди баландахтар шавад пайдо.

Занону бонувони даврони Истиқлол ва Ваҳдати миллии тоҷикон баландахтаранд, саъйи комил, азми дуруст, суботи муаззам доранд. Ин радифро байти Бедили бузургвор маънии болиғ медиҳад: Обила бе саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст, Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд. Кунун, имрӯз мо ба истиқболи Истиқлоли сисола сазовору ифтихорманд иқдом дорем. То нишоти ҳаёту зиндагиамон шоиставу дар сатҳи баланд қарор гирад. Азбакси иқболу саодати занонбонувони кишварамон баланду бегазанду дилписанд, фазои Истиқлолу Ваҳдатамон низ софу суруровару роҳи кору пайкор ва гирудори занҳои Тоҷикистони азизу маҳбубамон сабзу намуна ва дар қиёс беназир ҳаст ва чунин мемонад. Чаро ки аз нури рӯи бонувон нури зиндагӣ таровиш дорад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh