НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДА

Воқеан натанҳо Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои олам, чи дар гузашта ва чи имрӯз масоили марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Хоса, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва онҳоро аз лиҳози рӯҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти кишвар омода мекарданд.

ДАР даврони Истиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободонии мамлакат бештар намуд.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо саҳми ҷавонон басо бориз ва назаррас арзёбӣ мешавад. Қобили зикр аст, ки маҳз зери роҳбарии Сарвари давлат нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис‐тон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23‐юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар як фазои мутантан ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам бевосита аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин росто, вохӯриҳои пайвастаи Президенти мамлакат бо ҷавонони бунёдкору созандаи кишвар аз он дарак медиҳад, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони комил доранд ва ин боварӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, то ки бо маҳорату малака, илму дониш дар гулгулшукуфоии ин сарзамини биҳиштосо саҳми бориз ва назаррас гузоранд.

Манижа ИСМОИЛОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh