ОЛИМАЕ САРШОР АЗ МЕҲР

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзе ҳаёт побарҷост ва ҷомеа пеш меравад, занон баробари мардон дар саҳнаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ ҳунар омӯхта, сазовори мавқеи шоиста гардидаанд. Албатта, дар ин радиф кишвари мо бо занони сиёсатмадор, ходимони илм, кормандони соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фарҳанг, тиб, маориф, варзиш ва ғайра фахр дорад. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост.

Яке аз он нафароне, ки имрӯз ба ростӣ, ин ҷо аз кору пайкораш ҳарф мезанем, олимаи даврони мо, инсони некусиришт, зани порсову оқила, номзади илмҳои филологӣ Ӯғулой Умаралиева аст. Ин инсони покгавҳар, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат яке аз бунёдгарону озодфикрони ҷомеаи имрӯз буда, дар ҳама ҷода ҳамчун бонуи сиёсатшинос маъруфи ҳамагон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, гуфтаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

Ин гуфтаҳои Сардори давлатро хонда, маҳз устод Умаралиева барин занон бар ёдам мерасанд. Бо чеҳраву нигоҳи пур аз табассуму меҳр, лафзи ширин, суханони пандомез, дарки маънӣ, саводи баланд, дилёбиву ширингуфторӣ маҳбуби аҳли устодону шогирдон гардидааст. Ҳангоми суҳбат бештар хислати аз ҳама беҳтарин – ширинзабониашро дарк кардам. Чунон равону суфта ва нозукбинонаву боандеша сухан меронад, ки хоҳиши соатҳо наздаш нишаста, ба ҳарфи дили ӯ гӯш кардан дар дил пайдо мешавад.

Як хислати дигари ӯро кашф кардам, ки дар баробари соҳибмаърифативу соҳибсолорӣ чунон чобукона рафтор менамояд, ки баъзан ҷавонон шояд ин лаёқату қувваро доро набошанд, ана ин хислат низ барои шарафёбу шинохта, соҳибном гардиданаш кӯмаки калон расонидааст. Агар ҳоло мебинӣ, ки дар донишгоҳ қарор дорад, пас аз анҷоми дарс аллакай ба ягон ҷамъомаду вохӯрӣ рафтааст ё дар идораҳои ҳизбӣ қарор дорад. Яъне дар як рӯз бо вуҷуди бузургсолорӣ чӣ қадар корҳоро ба анҷом мерасонад, ки ин воқеан рисолати ӯст, нишонаи кору пайкори устод аст. ӯғулой Умаралиева дар оилаи хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Номзади илмҳои филология, дотсент буда, пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ)‐и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатии мавсуф дар зодгоҳаш оғоз гардид. Бо макотиби миёнаи маркази вилоят–шаҳри Ҳуҷанд пайванд мегирад ва дар МТМУ №21, ҳамчунин ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои таълим дар МТМУ №9 ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва солҳои 1991‐1992 ба сифати методист‐инспектори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамар бурдааст. Баъдан ӯ соли 1993 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои идомаи фаъолият даъват шуд.

Таҳти роҳнамоии профессор Ф.Зикриёев ва таҳти назари аъзо‐корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Рустамов пайваста заҳмат кашида, рисолаи худро таҳти унвони «Ҷумлаҳои туфайлӣ ва мӯътариза дар забони адабии тоҷик» соли 1998 бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 2004 ба дараҷаи илмии дотсентӣ мушарраф гардид. Пас аз фаъолияти тӯлонӣ дар вазифаҳои баланди донишгоҳ ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд фаъолият бурд. Бо инъикоси шумори номгӯи вазифаҳои устод, ки дар ҳар яки он сарбаландона меҳнат намудааст, мо ин ҷо онҳоро ба итмом расонида наметавонем. Китобҳои «Дирафши мост ҳизби халқ», «Нигини миллати тоҷик», “Бонувони зиндагисоз”, «Ҳизби ормонҳои халқ» ва ғайра маҳсули меҳнати ӯст.

Ӯғулой Умаралиева барои китоби “Ҳизби ормонҳои халқ” ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовор шудааст. Ӯғулой Умаралиева намояндаи фаъол ва аъзои Шӯрои зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, тарғибгари фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ‐ташвиқотии назди МИҲД‐и вилояти Суғд (гурӯҳҳои «Афкор ва Зеҳн») буда, дар роҳандозӣ намудани Паём ва барномаҳои стратегии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо дорад.

Бо унвонҳои баланди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматҳои шоёнаш бо ифтихорномаву сипосномаҳои бешумор қадрдонӣ шудааст. Бо меҳрубонии аҳли оила, алалхусус ҳамсарашу фарзандон, наберагону аберагон устод рӯз аз рӯз илҳом гирифта, рӯ ба шукуфоӣ дорад, гӯё аз нав ҷавон мегардад. Ба ин зани мушфиқ, устоди ҳамаи мо, шогирдон дар роҳҳои ҳамвори зиндагӣ рӯзгори баофият, барору комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорем.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh