Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара сохтмони хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзилашон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд, бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахдлдор супоришҳо дод.

Тавре мушоҳида гардид, дар аксари хонаҳои истиқоматӣ айни замон корҳои бомпӯшкунӣ ҷараён дошта, интизор меравад, ки сохтмон рӯзҳои наздик ба охир расонида шавад.

Боиси таъкид аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Ҷараёни бунёди хонаҳо зери назорати роҳбарияти вилоят қарор дошта, сокинон дар хонаҳои нав зиндагии худро идома хоҳанд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh