Тақдими автомашинаҳои хизматӣ ба раисони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара

30 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара автомашинаҳои тамғаи «Нива» туҳфа карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода калиди мошинҳои хизматиро ба раисони ҷамоатҳо супорида, аз онҳо даъват кард, ки фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз пеш талош намоянд. Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву роҳанамоиҳои Сарвари давлат солҳои охир дар шаҳру деҳоти Исфара силсилаи иншооти таъиноташон гуногун бунёд шуда, шароити зисту зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар гардидааст. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар ҳудуди шаҳр боз садҳо иншоот ба истифода дода шуд, ки ба некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Ҳамзамон барои идораи Хоҷагиву манзилию комуналии Исфара се адад мошини тамғаи «Porter» туҳфа гардид, ки барои таъмини тозагӣ истифода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh