БЕFАРАЗОНА, ДИЛСӮЗОНА ВА ХОЛИСОНА

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи вилояти Суғд маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин бо иштироки прокуророн, раисони шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои идораи замин, корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти давлатӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17‐уми апрели соли 2020 таъкид намуданд, ки: “Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем”.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби мақомоти марбута фаъолияти муайяне ба сомон расонида шудааст, ки он ба беҳтар гардидани ҳолати риояи муқаррароти қонунгузориҳои мазкур дар ҳудуди вилоят мусоидат намудааст. Дар баробари ин ҳоло ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замин, сохторҳои меъморию шаҳрсозӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳо, аз қабили ғайриқонунӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин, ғайримақсаднок истифода намудани он, аз гардиши кишоварзӣ берун мондан ва дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор доштани заминҳои кишоварзӣ ҷой доранд.

Сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода қайд кард, ки зимни санҷиш ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба замин дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ошкор гардида, дар давраи таҳлилӣ барои даст доштан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбат ба 53 нафар шахсони мансабдор, аз ин 2 нафар корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 3 нафар корманди Кумитаи идораи замин, 17 нафар корманди корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 18 нафар масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 13 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолатҳои бархилофи талаботи қонунгузории замин, қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷудо ва вобаста намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар давраи таҳлилӣ ба 347 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин эътироз оварда, қарорҳо бекор ё ба талаботи қонун мутобиқ гардонида шудаанд, ки ба шаҳру ноҳияҳои Деваштич 45, Мастчоҳ 35, Бобоҷон Ғафуров 30, Ашт ва Панҷакент 29‐ададӣ, Истаравшан 26, Хуҷанд ва Исфара 25‐ададӣ, Айнӣ 20, Ҷаббор Расулов 18, Конибодом 17, Спитамен 10, Гулистон 9, Бӯстон 8, Зафаробод ва Истиқлол 6 ададӣ, Шаҳристон 5 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 4 ададӣ рост меояд.

Муайян гардид, ки дар ҳудуди вилоят соли 2020 уми 1824 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мондаанд. Ин дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 724 гектар, Мастчоҳ 366 гектар, Ашт 227, Деваштич 165, Зафаробод 126, Конибодом 69, Спитамен 65, Бобоҷон Ғафуров 54 ва Панҷакент 28 гектарро ташкил медиҳад. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 2772 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии интизомию (440) маъмурӣ (2069) ва ҷиноятӣ (263) кашида шуда, 8544 (4395/4149) гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаи дуюм вобаста ба вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сохторҳои зертобеи он дар соли 2020 ва се моҳи соли ҷорӣ сардори шуъбаи назорати умумӣ Маҳмадалӣ Пардазода баромад намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бевосита ва ё якҷоя бо дигарон тавассути намояндагони ваколатдори худ ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кафолат медиҳад. Мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақт баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда тариқи хаттӣ хабар диҳанд. Ин ҳадаф вазифаи асосии ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба он Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратураро вазифадор намуданд, ки риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"‐ро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъмин намуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Бинобар ҷиддӣ будани масъалаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24‐уми апрели соли 2010, роҳбарияти тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони аввали вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳои давлатиро вазифадор карда буданд, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд.

Қайд гардид, ки мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида дар давраи соли 2020 ва се моҳи соли 2021 баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоргардида дар маҷмӯъ 269 пешниҳод, 203 амр бароварда шуда, 370 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, 143 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба 7 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст. Мутаассифона, то ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ҷой дошта, аз мутасаддиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилот талаб карда шуд, ки баҳри риояи талаботи қонун, холисонаву беғаразона ва саривақт баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh