ТАБИАТ - ОМЎЗГОР ВА МУРАББИИ ҶОМЕА

Инсон муъҷизаи олитарини табиат маҳсуб ёфта, ҳаёти ӯ бо табиат тавъам аст. Дар аввалҳо муносибати инсон бо табиат хусусияти истеъмолӣ дошт, алҳол давраи гузариш ба фарҳанги экологӣ фаро расидааст. Ҳифзи табиат ҳаёти ояндаи насли муосир ва кулли организмҳои зиндаи сайёраро тақозо менамояд. Бинобар ин, давраҳои охири асри ХХ ва оғози асри ХХI давраи хеле муҳиму мураккаби ташаккули муносибати ғамхорона ба табиатро дар бар мегирад ва фарҳанги экологии фарди алоҳида ва ҷомеа дар умум муҳимияти хосаро касб менамояд.

Фарҳанги экологӣ заминаи боэътимоди ташаккули маърифати экологии аҳолӣ дар замони муосир буда, дар нигоҳдошти захираҳои табиӣ ва таъмини истифодаи оқилонаи онҳо мавқеи ҳалкунандаро дорост. Тағйирёбии асосҳои муносибати инсон ба табиат инъикосгари фарҳанги экологии ҷомеа буда, аз хусусиятҳои таркибие иборат аст, ки давоми таҳқиқот муайян гардидаанд.

Ҳамоҳангсозии ҳаёти инсон бо табиат новобаста аз муфидӣ, дасткашӣ аз сохтори иерархии олам ва фаҳмиши узвҳои низоми ягона будани онҳо, таъсири мутақобилаи инсон ва табиат бо қонеъсозии талаботи кулли ҷамоаҳои табиӣ, халалдор насохтани мувозинаи табиӣ ва ғайра сатҳу сифати фарҳанги экологиро нишон медиҳанд. Риояи ҳатмии шартҳои асосии ҳифзи табиат дар шакли тарбия ва тартиботи оммавӣ самти асосии ташаккули фарҳанги экологӣ мебошад. Паҳннамоии маълумоти экологӣ байни табақаҳои мухталифи ҷомеа бояд самтҳои серҷабҳаро дарбар гирифта бошад.

Хусусан, таъмини дастрасии бевоситаи аҳолӣ ба махзани маълумот оид ба вазъи муҳити зист, нишондодҳои сифатӣ, тағйирёбии онҳо бо муайян кардани сабабу оқибатҳо, нашри адабиёти ҷолиби диққат дар равияи рангорангӣ вобаста ба синну сол, сатҳи маълумот ва ғайра хеле муҳим буда, таъмини меъёрҳои ҳуқуқии бехатарии ҳаётро ифода менамояд. Масъалаи маърифати экологии аҳолӣ дар сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосӣ маҳсуб ёфта, баҳри таъмини ташаккули маърифати экологӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои сершумор амалӣ шудаанд. Таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001‐2010 ва то давраи соли 2020 имкон фароҳам овард, ки дар сатҳи муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва таҳсилоти олӣ омӯзиши муаммоҳои ҳифзи табиат тавассути ҷорӣ намудани фанҳои мухталифи ҳатмӣ ба роҳ монда шавад. Эҳтимол меравад, ки дар муҳлати наздик дар самти рушди фарҳанги экологӣ ҳамчун ҷузъи таркибии маърифати экологии аҳолӣ Барномаи давлатии махсус қабул мегардад, ки заминаи боэътимоди рушди тарбияи экологӣ шуда метавонад. Зеро, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ ҳалқаҳои занҷирии маърифати экологӣ буда, барои ташаккули шахсиятҳои табиатдӯст хеле зарур ва муҳим ба шумор меравад.

Аслан, мебояд дарк намуд, ки фарҳанги экологӣ марҳалаи олии экологикунонии шуур мебошад ва алоқаманд ба сатҳи малакаи муносибати ҷомеа ба табиат аст. Табодули андешаи инсон ба табиат, яъне гузариш аз фаҳмиши манбаи моддӣ будани табиат ба фаҳмиши манбаи маънавӣ дар заминаи ҳамоҳангсозии раванди рушди табиат ва башарият ғояҳои мафкуравӣ маҳсуб меёбад. Дар ин радиф метавон зикр намуд, ки моҳияти маърифати экологӣ бо мутаносибии шуур–тафаккур–дониш–фаъолият инъикоси воқеӣ ёфта бошанд, низоми арзиш–муносибат–ахлоқ–масъулият асоси тарбияи экологиро инъикос медиҳад.

Зеро дар натиҷаи таъсири мақсаднок ба рӯҳу маънавияти шахс тарбияи экологӣ ҷараён гирифта, дар умум ба ташаккули сатҳи муайяни фарҳанги экологӣ мусоидат менамояд. Боиси тазаккур аст, ки ташаккули фарҳанги экологӣ дар натиҷаи тарбияи экологӣ раванди мураккаби муттасил буда, ба омилҳои сершумори маънавӣ рӯҳӣ ва физиологӣ такя менамояд. Масалан, гузоштани хиштҳои аввали таҳкурсии тарбияи экологӣ дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабӣ пойдевори дониши экологӣ дар синфҳои ибтидоӣ мешавад. Чунин замина бо инкишофи рӯҳӣ ҷисмонии кӯдак ва таҷрибаҳои шахсии ӯ дар асоси мушоҳидаҳои муҳити атроф тавъам буда, мебояд бо таҳлили волидайн, омӯзгор сурат гирад ва ҳисси кунҷкобии кӯдак пурра қонеъ шавад. Дар ин раванд масъулияти омӯзгор ё худ мураббӣ хеле баланд аст ва ӯ мебояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таълим ва тарбияи экологӣ бошад, ки дар ниҳоди кӯдак бедор намудани ҳисси табиатдӯстиро имконпазир гардонад. Ташаккули фарҳанги экологӣ бо тарбияи экологии кӯдак тавассути кашидани расми гулу барг, расми момохолаку шабпарак ва ғайра дар ин раванд муҳим мебошад. Аниқ, ки ташаккули фаҳмиши аҳамияти барг дар ҳаёти растанӣ кӯдакро аз кандани барг бозмедорад ва ӯ танҳо дар фасли тирамоҳ ба барги афтодаи наботот, чун объекти зебоӣ, лекин ғайризинда назар мекунад. Аллакай кӯдак ба шинонидани дарахт, нигоҳубину парвариши гулу буттаҳои хонагӣ шавқ пайдо менамояд. Кӯдаке, ки бо дастони худ гуле парвариш кардааст, ҳеҷ гоҳ гули кӯчаву хиёбонҳоро намеканад ва баръакс, дар нашъунамо ва гулпӯш намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ талош менамояд. Исбот шудааст, ки тарбияи экологии кӯдак аз давраи аввали инкишоф боиси рушди зебоипарастӣ ва қадрдонии заҳмати дигар фард мешавад. Яъне, метавон қайд намуд, ки тарбияи экологӣ ҷузъи муҳими ташаккули кӯдак дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи зебоӣ ё худ фарҳанги инфиродии кӯдак мешавад.

Фаҳмидан ва донистани асрори табиат тавассути иштироки бевоситаи кӯдак дар ин раванд имкон медиҳад, ки дар ӯ тасаввуроти комил оид ба мавҷудоти зиндаи олам ташаккул меёбад. Хусусан, дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот рушди тарбияи экологии кӯдак боиси ташаккули сатҳи баланди фарҳанги экологӣ ва ба воя расидани фарди табиатдӯсти соҳибфарҳанг мегардад. Тарбияи экологӣ якҷоя бо пайдо намудани муносибати некӣ, меҳрубонӣ нисбат ба намояндагони олами ҳайвонот ва наботот барои ташаккули фарҳанги инсонӣ, аз он ҷумла фарҳанги экологӣ мусоидат менамояд. Ҷоиз ба қайд аст, ки раванди тарбияи экологӣ аз давраи хурдсолӣ то балоғат ва шаҳрвандии комилҳуқуқӣ мебояд муттасил ҷараён ёбад. Зеро, канда шудани ҳалқае аз ин занҷир боиси номукаммалии фарҳанги экологӣ ё худ пайдо гаштани рӯҳияи бепарвоӣ, бефарқӣ ба табиат шуда, дар оянда рафтору муносибати фард ба табиат эҳтиёткорона набошад. Барои ин, хусусан дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебояд алоқамандии намояндагони олами набототу ҳайвонот, манзили истиқоматӣ, мактаб, ҳавлӣ, маҳалла, деҳа ҳам дар ҳолати алоҳидагӣ ва ҳам дар ҳамбастагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Алалхусус, таъмини алоқаи муассир бо экосистемаҳои муҳити зисти худи кӯдак, унсурҳои муҳити иҷтимоӣ дар алоқамандӣ бо табиат хеле муҳим аст. Зеро фарде, ки дорои тарбияи экологӣ мебошаду сатҳи баланди фарҳанги экологиаш ташаккул ёфтааст, дар оянда шахсияти ғамхори ҷомеа ба воя расида, ба масоили экологии ҷомеа бефарқ буда наметавонад. Ӯ, ки худ фарҳанги экологии баланд дорад, ҷиҳати риояи талаботи башардӯстона ба истифодабарии сарватҳои табиат ва узвҳои дигари ҷомеа саҳмгузор мешавад. Хусусан, ташкили ҳизбу ҳаракатҳои экологӣ ва амалинамоии тадбирҳои пешгирии ифлосшавии обу ҳаво, муомилоти оқилона бо партовҳои маишию саноатӣ ва дигар падидаҳои номусоиди ҷомеа меъёри ҳамарӯзаи фарди соҳибфарҳанг баҳри ҳифзи табиат ва саломатии аҳолӣ мегардад.

Зеро, ҳамтаъсирии инсон, ҷомеа ва муҳит меъёри интегралии замони муосир ва оянда маҳсуб меёбад. Фарҳанги экологӣ ба саломатии аҳолӣ натанҳо аз нуқтаи назари набудани беморӣ ва шикастҳо, балки бо ҳолати беҳбудии ҷисмонӣ, ақлӣ, шуур ва иҷтимоӣ нигоҳ карданро тақозо менамояд. Чунки имрӯзҳо дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ бо сабаби норасоии фарҳанги экологӣ қисме аз ҷомеа шиорҳои ҳифзитабиатиро ба сифати ниқоби тавоно истифода намуда, ба фаъолияти иқтисодии баъзе намудҳои истеҳсолот (истифодаи неруи атомӣ) ва фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои азими саноатӣ муқовимати шадид нишон дода, боиси коҳишёбии иқтисодиёт ва ноустувории давлатдорӣ ҳам шуда истодаанд.

Ҳол он, ки мебоист фарҳанги экологии фарди алоҳида ба ташаккули фарҳанги экологии ҷомеа мусоидат намуда, дар заминаи ташаккули фарҳанги аслӣ барои беҳбудии ҳам табиат ва ҳам ҷомеа мусоидат намояд.

Табиат барои ҳар як фарди алоҳида ва умуман, ҷомеа ҳам омӯзгору ҳам мураббӣ мебошад. Бояд ҳамаи неруи ҷомеа баҳри тарбияи экологӣ ва дар ин замина баҳри ташаккул ва рушди фарҳанги экологӣ равона карда шавад. Пойдевори мустаҳками фарҳанги экологӣ барои ташаккулу пойдории маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд. Итминон аст, ки танҳо болошавии маърифати экологии аҳолӣ инқирози табиатро бозмедорад ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табииро ба нафъи ҷомеа таъмин менамояд. Зеро инсоният ҳамеша бояд дар хотир нигоҳ дорад, ки “Табиат на мероси ниёгон бар мост, балки мо табиатро аз фарзандони худ ба қарз гирифтаем”.

Ф.ОЧИЛОВА, дотсент, номзади илмҳои биологӣ,
И.ШАРИФХӮҶАЕВ, донишҷӯи курси 5‐уми факултети геоэкологияи МДТ
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Add comment


Security code
Refresh