ШУҶОАТМАНДЕ АЗ ПАНҶАКЕНТ

Ҳамасола вақте, ки Рӯзи Ғалаба наздик мешавад мо, кормандони осорхона мехоҳем бештар мақолаҳо, китобҳо, филмҳо ва маълумот оид ба корнамоиҳои ҳамватанонамон ҷамъоварӣ намоем. Дар солҳои ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба ҷанг сафарбар шуда, 90 ҳазори онҳо дар майдони муҳориба ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент» ҳуҷҷатҳо ва аксҳои иштирокчиёни ин ҷанг, ки сокинони шаҳри Панҷакент ва деҳаҳои он ҳастанд, маҳфуз аст. Дар толори муосири муассисаи мазкур гӯшае таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст», ба маъраз гузошта шудааст.

Дар гӯшаи мазкур акси иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳайдар Баҳронов, ки ба сафи артиш фиристода шуда буд, ҷой дорад. Соли 1982 фарзандаш ҳуҷҷату аксҳо, либоси ҷангӣ ва зарфи обгирии эшонро ба осорхона супорида буд, ки ин ашё гӯшаи мазкурро оро медиҳанд. Ҳайдар Баҳронов соли 1915 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Моҳи декабри соли 1937 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар омӯзишгоҳи низомӣ таҳсил намудааст. Баъди он ба ҷанг даъват шуда, то охири ҷанг Ҳ.Баҳронов ба сифати қумондони взвод ҷангида, соли 1947 ба зодгоҳаш баргаштааст.

Дар солҳои баъди ҷангӣ номбурда дар вазифаҳои масъулиятнок адои вазифа намудааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ», «Барои Ғалаба бар Германия» мукофотонида шудааст. Маъюби гурӯҳи II буда, соли 2001 вафот кардааст.

Чунон, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон иброз доштанд, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмини сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори осудаи мардуми олам мебошад.

Фирӯза РУҲУЛОВА,

мудири фонди Осорхонаи ба номи

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh