ОБ, ЗАМИН, ЧОҲҲОИ АМУДӢ

Дар мавсими нави кишт яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва муҳими соҳаи кишоварзӣ барои ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат таъмини заминҳо бо оби полезӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри обёрии заминҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷоҳҳои амудӣ кофта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ин масъалаи муҳими кишоварзиро дар мадди аввал гузошта, марҳала ба марҳала баҳри кофтани чоҳҳои амудӣ ба кишоварзон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.

Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҳалим Ҳоҷиев алҳол дар вилоят беш аз чор ҳазор чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки дар таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об хизмат менамоянд. Аз ин шумора 299 адади он дар тавозуни хоҷагиҳои оби шаҳру ноҳияҳо буда, боқимонда дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор доранд.

 Гуфтан лозим аст, ки айни замон ин чоҳҳои амудӣ, беш аз 50 ҳазор гектар заминро бо оби полезӣ таъмин мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳар як чоҳи амудӣ иқтидори ба 13 гектар замин об расониданро дорост, илова намуд мавсуф. Дар идомаи суҳбат афзуд, ки имрӯзҳо барои обёрии заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси вилоят кофтани ҷоҳҳои амудӣ дар назар дошта шудааст. Алҳол агар ба қиёс аз шаҳру навоҳиҳо гирем, пас маълум мегардад, ки аз ҳама зиёд дар шаҳри Истаравшан ҷоҳҳои амудӣ мавҷуд аст, ки беш аз 800 ададро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 700 адад, Мастчоҳ 560 адад ва дар ноҳияи Ашт беш аз 480 адад чоҳҳои амудӣ мавҷуданд. Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои асосии кишоварзии натанҳо вилоят, балки кишвар ба ҳисоб меравад, дар кишту парвариши анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда дорад. Дар ноҳия масъалаи таъминоти об яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба хотири бартараф намудани ин ҳолат чоҳҳои амудӣ кофта шудааст, ки барои ноҳия хеле зарур аст. Обмонии заминҳои ноҳияро аз ҳисоби чоҳҳои амудӣ ба роҳ монда, имрӯз беш аз чор ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешаванд.

Бино ба гуфти сардори шуъбаи истеҳсолии оби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Некмурод Ғаффоров давоми се чор соли охир бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби соҳибкорону кишоварзон беш аз 30 адад чоҳи амудӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки алҳол заминҳои кишоварзиро бо об таъмин месозанд. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 500 адад чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки 76 адади он дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия қарор дошта, боқимода дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Аз шумораи дар боло зикршуда 512 адади он айни ҳол дар ҳолати корӣ қарор дошта, боқимонда аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин, аз 76 адади дар тавозуни идораи оби ноҳия қарордошта 48 адади он заминҳои ноҳияро бо об таъмин намуда истодаанд. Сабаби аз фаъолият бозмондани чоҳҳои амудиро масъулини соҳа дар хушк шудан ва ё кам будану аз меъёри мавҷуда поён фаромадани обҳои зеризаминӣ мебинанд. Ҷуқуриҳои кофташудаи ҷоҳҳои амудӣ дар ноҳия аз 60 то 150 метрро дар бар мегирад, мегӯяд Некмурод Ғаффоров.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh