Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат кард.

Нахуст дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар  ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамуда аёдат карда шуданд. Ба аёдатшудагон Ҳомид Ҷўраев, Воҳид Ҷўраев, Маҷид Ширинов ва Марҳамат Бобоҷонова  кӯмакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 2000 сомонӣ, кӯмакпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1500 сомонӣ  ва маводҳои ниёзи авваливу тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи  шаҳр эшонро бо 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатару таҳдидҳои нав дар бисёр кишвару минтақаҳои сайёра торафт вусъат пайдо мекунанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба саҳифаҳои ибратбахши таърихи халқи тоҷик ва омӯхтани корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои таҳкими амну оромии ҷомеа, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Сипас, роҳбари вилоят дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно кард

Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh