Ба захмиёни даргириҳои мусаллаҳона кӯмакҳои пулӣ супорида шуд

5 майи соли 2021 дар Беморхонаи марказии Исфара ба ҳар кадоме аз захмиёни даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакпулиҳо супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати ҷароҳатдидагони муноқишаҳо ва супоридани кӯмакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити заруриро фароҳам меоварад.

Баҳри барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардида, беморон бо дорувории зарурӣ ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо беморон суҳбат карда, иброз дошт, ки роҳбарияти мамлакат барои пурра шифо ёфтани захмиён аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад намуд. Ҳамзамон роҳбари вилоят ба беморон шифои комилу оҷил таманно кард.

Сипас, Раиси вилоят дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сокинони ҷароҳатдидаро аёдат карда, ба онҳо ҳам кӯмакпулиҳоро тақдим дошт.

Дар маҷмуъ, барои 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун гирифта буданд, ба миқдори аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои кӯмак ба оилаҳои 19 нафари ҳалокшуда ва 87 нафар захмбардоштагон дар маҷмуъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо равона гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh