Ба оилаи 19 нафари фавтида кӯмакҳои пулӣ расонида шуд

5 майи соли 2021 тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.

Раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манзили шахсони марҳум, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори тасаллият намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Зимнан падари Ҳакимбой Ниёзов изҳор дошт, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми нерӯ барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.

Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

Аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони зикршуда ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. Боиси таъкид аст, ки соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Исфара низ бо пайравӣ аз иқдоми Сарвари давлат саҳми хешро ҷиҳати дастгирии ҳамдиёрони худ гузошта, ба оилаҳои шаҳидон ёрии худро расонида истодаанд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода ҳини бозгашт аз шаҳри Исфара ба аҳли оилаи сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки бар асари даргириҳо шаҳид гаштанд, изҳори ҳамдардӣ карда, аз номи Сарвари давлат кӯмакпулиҳоро супорид.

Ҳамзамон аз номи Пешвои миллат ба оилаи шахсони зерин ки дар натиҷаи даргириҳо ба ҳалокат расиданд, кӯмакҳои пулӣ дастрас гардид:

Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич;

Сафархӯҷа Ҳасанов – сокини ноҳияи Фархор;

Аслиддин Абдузамонов – сокини ноҳияи Нуробод;

Ғафурзода Некризи Набӣ – сокини шаҳри Турсунзода;

Салоҳиддин Гадоев – сокини ноҳияи Ховалинг;

Раҷабзода Маҳмадулло Раҷаб – сокини ноҳияи Муъминобод;

Абдулло Саидов – сокини ноҳияи Нуробод.

Ёдовар мешавем, ки барои кӯмак ба оилаҳои 19 нафари ҳалокшуда ва 87 нафар захмбардоштагон дар маҷмуъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо равона карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh