FУФРОН РУСТАМ

(Рустамов Fуфронҷон) 10-уми майи соли 1948 дар деҳаи Сойчаи ноҳияи Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Мактаби миёнаи рақами 1-уми ноҳияи Бобоҷон Fафуровро ба итмом расонд. Факултаи рӯзно-манигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти кориаш соли 1970 аз ходими адабии рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (ҳоло «Хуҷанд») шурӯъ шуд. Аз соли1971 дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ходими адабӣ, мухбири калон ва котиби масъул шуда кор кард. Солҳои 1980-1982 шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Солҳои 1982-1984 дар вазифаҳои муовини сармуҳаррир ва то соли 1990 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» кор кард. Солҳои 1990-1996 муовини мудири шӯъбаи матбуот ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Ҳукумати вилоят буд. Аз соли 1996 то 2000 аввал сардори идораи фарҳанг ва иттилооти Ҳукумати вилоят, баъд директори Маркази илмию методии Идораи фарҳанги вилоятро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2000-2013 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров буд.

Fуфрон Рустам аз соли 1974 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Соли 1989 дар ҳайати аъзои комиссияи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мураттаб кардани лоиҳаи Қонун дар бораи забони тоҷикӣ саҳм гирифтааст. Моҳи марти соли 2005 котиби аввали кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоят интихоб гардид. Асарҳои Fуфрон Рустам дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Хӯшаҳо», «Мавҷи гӯё», «Парвозгоҳи бузургон», «Баёзи адибони вилоят», «Шукуфа», «Ҳуснорои замин» чоп ва ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд. Маҷмӯаҳои ҳикоя ва очеркҳояш «Писар» (1993), «Таъбири хоб» , «Ҳосили умр» (1995), «Соҳибқирони меҳнат» (1996), «Одамони ғалатӣ» (1998), «Марди некрой» (2001), «Муборакқадам», «Покизамарди хушманиш» (2002), «Авроқи рангин» (2006), «Зани сиёҳбурд» (2008) рӯи чопро дидаанд. Ӯ яке аз муаллифони алманахи «Хуҷанд» (1996) мебошад, ки дар шаҳри Веронаи Италия нашр шудааст.

Fуфрон Рустам соҳиби нишонҳои ифтихории Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ҷоизаҳои ҷумҳуриявии журналистони ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, медалҳои Жуков, 5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, медалҳои ҷашнӣ ва «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Раиси вилоят ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Ба анҷуманҳои журналистони СССР, Тоҷикистон ва нависандагони Тоҷикистон, ҲК Тоҷикистон, конфронси ҷумҳуриявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон вакил ва борҳо депутати Шӯрои вилоятӣ интихоб шудааст.

Соли 2013 вафот кардааст.