Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 июни соли 2017, № 278
Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Фестивал-озмуни гулҳо»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади тарғиби фарҳанги зебопарастӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар асоси супориши Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ, ки 5 июни соли 2017 ба вуқӯъ пайваст, бо назардошти гузориши муовини Раиси вилоят З.Файзуллозода аз 8 июни соли 2017, №6/259 қарор мекунам:
1. Санаи 17 июни соли 2017 дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд Фестивали «Гулҳо» гузаронида шавад.
2.Ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома ва харҷномаи «Фестивал озмуни гулҳо» тасдиқ карда шаванд.
3.Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намудани Фестивал тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4.Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳо ва таҳияи барномаҳо дар васфи гул тадбирҳо андешанд.
5.Ба Раёсати фарҳанги вилоят супурда шавад, ки мувофиқи харҷномаи замимагардида маблағгузории саривақтии тақдиронидани иштирокчиёни фаъоли Фестивал таъмин намояд.
6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Файзуллозода З.Қ., Fаффорӣ Н.А. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.