Қарори Раиси вилояти Суғд аз 13 майи соли 2016 № 223
Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016»
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016, № 31/10-31 ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон киштшуда, қ а р о р м е к у н а м:
1. Дар давраи аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2016» гузаронида шавад.
2. Ҳайати Ситоди кори вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2016» тасдиқ карда шавад.
3. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» камаш як маротиба дар ду моҳ ҷаласаи Ситоди корӣ гузаронида, ҳангоми зарурат гузаронидани ҷаласаҳои сайёри Ситоди корӣ дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи нашъамандӣ мураккаб арзёбӣ мегардад, ба нақша гирифта шавад.
4. Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва идораҳои маҳаллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Ситодҳои кории амалиёти «Кӯкнор-2016» ташкил карда шавад. То санаи 1 июни соли 2016 гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати муоинаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои давлатӣ ва иҷоравӣ (сарфи назар аз шакли моликияташон) таъсис дода шаванд.
5. Хароҷоти вобаста ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷоти раёсату идораҳои дахлдори вилоят ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда шавад.
6. Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати хадамоти гумрук дар вилоят то 20 майи соли 2016 нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» ва маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёрро ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва аз тариқи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян намоянд.
7. Нусхаи нақшаҳои идоравии амалиёти «Кӯкнор-2016» ҷиҳати ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пешниҳод карда шавад.
8. Баҳри пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, аз ҷониби Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовари шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда, таблиғотӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шаванд.
9. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, идораи телевизион ва радио, идораи рӯзномаҳои вилоятии «ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо инъикоси чорабиниҳои дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2016» гузаронидашударо дар воситаҳои ахбори омма таъмин созанд.
10. Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, сардорони Ситодҳои кории шаҳру ноҳияҳо дар ду марҳила – то 5 сентябр ва то 5 декабри соли 2016 оид ба чораҳои андешидашуда ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016» ва аз натиҷаи фаъолияти худ, мутобиқи намунаи замимашуда ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
11. Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кӯкнор-2016» аз натиҷаи марҳилаи якум то 10 сентябр ва марҳилаи дуюм то 10 декабри соли 2016 ба Раиси вилоят ва сардори Ситоди кории ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2016» маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. гузошта шавад.