Қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 апрели соли 2016 № 162
Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020»
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №53 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва бо максади таъмини рушд ва фаъолияти бонизоми муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоят қ а р о р м е к у н а м:
1. «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар вилояти Суғд тасдиқ карда шавад.
2. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки дар робита бо сохторҳои марбутаи дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ба соҳаи фарҳанг пешбинишуда маблағгузории татбиқи чорабиниҳои «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020»-ро таъмин намоянд.
3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Раёсати фарҳанги вилоят оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур ҳар нимсола ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А. гузошта шавад.