Қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2016 № 151
Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, бо назардошти дархости муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. аз 2 марти соли 2016, № 2/131, қарор мекунам:
1. Санаи 26-уми апрели соли 2016 дар қаламрави вилоят Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил тасдиқ карда шавад.
3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт намудани ҷубронпулии ҳарсолаи маъюбон ва дастгирии моддии бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва посдории хотираи онҳое, ки ҳангоми рафъи оқибатҳои садама бо сабаби заҳролудшавӣ ҷони худро нисор кардаанд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
4. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят ва Раёсати фарҳанги вилоят якҷоя бо ҷамъияти вилоятии «Иттифоқи Чернобил» ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил силсилаи чорабиниҳоро доир намоянд.
5. Ба шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супорида шавад, ки пардохти маблағгузории баргузории чорабинии номбурдаро аз ҳисоби маблағҳои дар соли 2016 пешбинигардида амалӣ намуда, истифодабарии мақсадноки онро таъмин намояд.
6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба фидокориҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, ҳаёт ва фаъолияти онҳо барномаҳо таҳия ва мақолаву очеркҳо ба табъ расонанд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. ва муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.