ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД аз 26-уми марти соли 2021, № 130

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУFД

аз 26-уми марти соли 2021, № 130, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994 – 2003

ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел – майи соли 2021

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021, №141 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 – 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Моҳҳои апрел ва майи соли 2021 дар вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

2. Барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода шавад.

3. Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки рӯйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашинамударо тартиб дода, барои кофтукоб ва ба комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир намудани онҳо ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намуда, дар мавриди зарурӣ рӯйхатро барои андешидани чораҳо ба прокуратураи маҳаллӣ пешниҳод намоянд.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор карда шавад:

- ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, тибқи тартиби муқарраршуда, ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтукобӣ гузаронида, боздошт намоянд;

- барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ва атрофи он, инчунин бо мақсади муташаккилона ҷамъ овардани даъватшавандагон ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳраки Ғафуров ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шумораи муайяни кормандони милисаро сафарбар намояд;

- барои гусели даъватшавандагон ба ҷойҳои таъиншуда тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят дар рӯзи гусел нақлиёти махсус ва кормандони хадамоти бозрасии давлатии автомобилиро сафарбар намояд.

5. Ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд супориш дода шавад, ки тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад барои соли 2021 пешбинишуда маблағи заруриро сари вақт ҷудо намояд:

6. Раёсати тандурустии вилоят вазифадор карда шавад:

- шумораи зарурии табибон – мутахассисон ва таҷҳизоти тиббиро барои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии даъватшудагон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин намояд;

- дар ҳолати нарасидани табибон – мутахасисон ба ҳайати комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят табибон – мутахасисонро дар асоси дархости комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар намояд.

7. Дар асоси моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст ва ӯ бояд дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои зеринро ҳатман амалӣ намояд:

- раиси комиссияи даъватӣ (муовини раиси шаҳр ё ноҳия), ҳайати комиссияи даъватӣ ва тиббиро дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои асосии хизматӣ озод намуда, иштироки онҳоро дар ҷараёни фаъолияти комиссия пурра таъмин намояд;

- комиссариатҳои ҳарбиро бо нуқтаҳои муҷаҳҳази даъватӣ таъмин намояд;

- барои муташаккилона ба нуқтаҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо расонидани даъватшудагон воситаҳои зарурии нақлиётро ҷудо намояд;

- нисбати шахсоне, ки оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ташкил ва гузаронидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хунукназарӣ зоҳир мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

- барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон онҳоро бо сарулибоси якхела ва тӯҳфаҳои хотиравӣ таъмин намояд;

- ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар асоси сметаи хароҷот барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, гусели тантанавии даъватшудагонро бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар-интернатсионалистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оростани дастархони идона таъмин намояд.

8. Раёсати фарҳанги вилоят якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани маъракаи гусели тантанавии даъватшавандагон чораҳои зарурӣ андешад.

9. Ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Хуҷанд» супориш дода шавад, ки комиссариати ҳарбии вилоятро, тибқи дархост, барои кашонидани даъватшудагон аз нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагони комиссариати ҳарбии вилоят то Истгоҳи роҳи оҳан, Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд бо нақлиёти мусофиркаш таъмин намояд.

10. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» ҷараёни даъвати баҳорӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавононро дар байни аҳоли васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.

11. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 сентябри соли 2020, №293 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993 – 2002 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр – ноябри соли 2020» аз эътибор соқит дониста шавад.

12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузошта шавад.

 

Раиси вилояти Суғд             Раҷаббой АҲМАДЗОДА