АЗ АСОЛАТ ТО РИСОЛАТ
- Details
- Published on Thursday, 03 October 2024 11:15
Таъмини амнияти миллӣ ва мардумӣ яке аз муаммоҳои меҳварии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Зеро давлате, ки дар он амну субот пойдор аст, пешравию тараққиёт ва рушди миллатро кафолат медиҳад.
Мо мардуми озодем ва миллати обод дорем. Кишвари мо бо сулҳу субот ва мустақилиаш шинохта гардид. Кишварамон соҳибистиқлол аст, имруз дар ин фазои озод ва осмони беғубор кабутарони иқболи мардум дар парвоз аст.
Дар ҳамин ҷода рисолати шаҳрвандии ҳар кадоми мо низ аз он ибора аст, ки мо бояд ба наслҳои ҷавон, идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ худро дар канор гиранд.
Ҳамаи ин дастовардҳои миллию фарҳангии диёрамон шаҳрвандони кишварро ҳушёр ва водор месозад, ки ба қадри осоиштагии Ватанамон расида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба воқеаҳои ба амаломадаи кишварҳои ҷангзада ҷиддан эътибор зоҳир намоянд. Ва ба касе иҷозат надиҳанд, ки падидаҳои нави сиёсӣ ҳаёти ҷомеаи кишвари моро халал ворид намоянд. Мо бояд бо нерӯи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Тоҷикистони азизамон равона созем.
Мавлонова Маърифат,
мутахассиси шӯъбаи ВАО-и ДПДТТ