ДИН БА ҲИЗБ НИЁЗ НАДОРАД

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бовар ҳосил карданд, ки ҷонибдорони бо ном ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз қатли одамони бегуноҳ, харобии иқтисодиёт, бадбахтиву касодии зиндагӣ ба аҳли башар дигар чизе дода наметавонанд. Асос ва бунёди тарафдорони бо ном давлати исломии ДИИШ-ро ҳамон мафкураи иртиҷоии толибон дошта ташкил медиҳад, ки дар пеши назари ҷаҳониён инсонро қатл намуда, ҳамчунин ёдгориҳои нодири фарҳангию таърихиро несту нобуд сохта, бо ин амали ҷоҳилонаи хеш боиси қаҳру ғазаби ҷаҳониён гардиданд. Ташкили ҳамин азҳоби наҳзатӣ низ бо чунин ҳадаф вобаста аст. Пайрави дорад ба давлати ба ном исломии ДИИШ дорад, ки  ҳадафаш ифротгароиву чангҷӯист.

Дини мубини ислом аслан ва моҳиятан, ки дини сулҳпарвар аст, ин гурӯҳи ифротгарои исломӣ онро дар Сурияву Ироқ ба василаи тарс додани башарият табдил дода ва ҷавононеро, ки гумроҳ гардида, ба ин гурӯҳ пайваст менамоянд ё тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба доми мубаллиғони хеш медароранд. Ҷавонони гумроҳгардида ва хоҷагони онҳо дарк намекунанд, ки ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳамагуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулми инсониро маҳкум месозад.

Ҷонибдорони Кабирӣ ва наҳзатиҳо, гурӯҳҳои ифротгарои ба он монанд барои пешбурди манфиатҳои ғаразноки хеш исломро ҳамчун парчам ё пардаи фиреби назар истифода бурда истодаанд. Фаъолияту ақидаи онҳо, кирдору рафторашон ба таълимоти дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Коргардонҳои наҳзатӣ то ҳол дарк накардаанд, ки сохте, ки ба зӯриву таассуб асос меёбад, инсонро маҷбур мекунад, ки гумроҳ шавад, ба дину диёнати хеш хиёнат кунад. Ҷавонони гумроҳгардида ва пайравони наҳзатиҳои беимон боре дарк намесозанд, ки таассуби динӣ, ифротгароӣ дар назди Худованд ва бандагонаш аз ҷумлаи аъмоли бадтарин аст.

Бадбахтии дигари ҷавонони гумроҳгашта дар он аст, ки онҳо моҳияти давлати дунявӣ ва демократиро ҳангоми таҳсил дар зинаҳои таҳсилот дарк накардаанд ва имрӯз бо «мунаққидони сиёсӣ» тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳияти дунявӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун атеизми давлатӣ маънидод мекунанд, ки ин як ғарази маҳз аст. Зеро танҳо давлати дунявӣ ва демократӣ метавонад, ҳамзистии осоиштаи дину мазҳабҳо ва дар маҷмӯъ риояи меъёрҳои озодии виҷдонро таъмин намояд.

Ба ҷавонон бояд фаҳмонд, ки матлаби ҷудо будани дин аз давлат, танҳо як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат мудохила накунад. Имрӯз мо бояд ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти классикии мо ва суннатҳои рӯзгори мо дар тӯли садсолаҳо ба ислом банду пайванди мустаҳкаме дорад.

 Мавлонова Маърифат
мутахассиси шуъбаи ВАО
-и ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh