КАРИМ ШАРИФ
- Details
- Published on Wednesday, 22 February 2012 10:14
Карим ШАРИФ - собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд».
Зодаи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) аст. Соли 1972 дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси ёрдамчии мусаҳҳеҳ фаъолият оғоз намуда, баъди адои хизмати аскарӣ дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, барандаи шумора, муовини котиби масъул, мудири шӯъбаҳои нашрияи вилоятӣ кор кард. Соли 1992 ба идораи рӯзномаи навтаъсиси «Тирози ҷаҳон» ба ҳайси котиби масъул пазируфта шуда, дар вазифаи муовини сармуҳаррири нашрия даҳ сол фаъолият намуд. Ҳамаҷоя сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таъин шуд. Вай аз соли 1985 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар асоси ҷамъиятӣ котиби масъули созмони журналистони вилоятро иҷро мекунад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст.
Аз моҳи июли соли 2008-2014 дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» фаъолият бурд.