СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:49
7-уми марти соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқони хушсавод таваллуд шудааст.
Соли 1971 баъди итмоми мактаби миёнаи рақами якуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики ИДПЛ, ба номи Киров (алҳол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуд. Пас аз соҳиб шудани дипломи омӯзгорӣ корро дар мактаби деҳаи дурдасти Майкадаи ноҳияи Панҷакент ихтиёр намуд.
Меҳру муҳаббат ба касби наҷибонаи рӯзноманигорӣ маҳз дар мактаби деҳа дар қалби ӯ тавлид ёфт. Дар бадали як соли омӯзгорӣ дар рӯзномаҳои мухталиф паси ҳам навиштаҳояш чоп шуданд ва моҳи майи соли 1972 дар зиндагии ӯ воқеае ба вуқӯъ пайваст, ки тақдири минбаъдаи омӯзгори деҳотиро куллан тағйир дод: ӯро барои кор ба идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» («Ҳақиқати Суғд»-и кунунӣ) даъват намуданд.
Дар ин даргоҳи муқаддас Солеҳи Зарифзод наздик бист сол фаъолият намуда, баробари фатҳи мунтазами зинаҳои баланди мансабӣ тадриҷан ба доираи адабии шӯҳратманди ҳавзаи шимоли мамлакат, ки дар саргаҳаш нависандаи тавоно, устод Раҳим Ҷалил қарор доштанд, ворид гашт. Солҳои ҳаштодуми садаи гузашта давраи шукуфоии эҷодиёташ маҳсуб мешаванд, ки дар ин айём ҳикояҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои адабии мамлакат паси ҳам интишор шуда, китобчаи нахустинашро нашриёти «Ирфон» ба табъ расонд.
Солеҳи Зарифзод соли 1991 хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Ленинобод таъин гардид. Вале пас аз ду сол бар касофати авҷи ҷанги бародаркушӣ аз фаъолияти расмии рӯзноманигорӣ канораҷӯӣ намуда, ба деҳқонӣ ва дуредгарӣ оғӯшта гардид. Ҳамчунин ҳафт сол дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия соҳибкориро пеша намуд. Соли 2006 чанд муддат дар Ҳиндустон кору зиндагӣ дошт.
Аз августи соли 2008 дубора ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» даъват шуда, то соли 2014 муовини сармуҳаррири ҳамин ҷарида буд. Айни ҳол дар ДДҲБСТ фаъолият дорад.