АБДУЛЛОЕВ НАБИҶОН
- Details
- Published on Friday, 27 May 2011 16:08
Cоли 1923 дар шаҳри Ленинобод дар оилаи ҳунарманд таваллуд шудааст. Вай баъди хатми синфи ҳаштум дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр таҳсилашро идома дода, соҳиби ихтисос мешавад.
Тӯли солҳои 1942-45 дар сафи Қувваҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кард ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуд. Барои хизматҳои ҷангиаш бо медалҳо мукофотонида шуда буд. Баъд ба ҳайси муаллим, директори мактаби №15-уми қишлоқи Ёва (ҳозира МТУ №20-уми ҷамоати деҳоти Ғозиён) чанд сол фаъолияти меҳнатиашро идома бахшид.
ӯ соли 1952 ба Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, бахши рӯзноманигории онро бо ихтисоси тарҷумон соли 1956 хатм намуд ва ҳамон сол ба рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ба кор омад. Ду сол ба ҳайси ходими адабии ҳамин рӯзнома пурмаҳсул кор кард. Соли 1958 ӯ сармуҳаррири рӯзномаи байниноҳиявии “Ҳақиқати Хуҷанд” таъин гардид. Дар ин вазифаи масъулиятнок ӯ то соли 1960 фаъолият дошт.
Сониян мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ва соли 1962 сармуҳаррири рӯзномаи шаҳри Хуҷанд “Ҳақиқати Ленинобод” таъин гардид. ӯ тӯли фаъолияти худ борҳо намояндаи халқ ба Маҷлисҳои вилоятию шаҳрии вакилони ҳалқ интихоб шудааст. Аъзои бюрои кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Хуҷанд буд.
Абдуллоев Набиҷон дар авҷи камолот 5 майи соли 1969 вафот кард. Давоми умри устод 5 нафар фарзанд ва 16 набераву абераҳоанд. Ду нафар набераи эшон Набиҷон ва Насимҷон дар ширкати телевизионии «Азия» роҳи бобои хешро идома мебахшанд.