ИБРОҲИМОВ МАҲМУДҶОН КАРИМОВИЧ

4 сентябри соли 1948 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.

Факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, ба номи С.М.Кировро (алҳол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) хатм намудааст. Солҳои донишҷӯӣ дар мактаби миёнаи рақами 23-юми ноҳияи Хуҷанд (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба сифати муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурдааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ дар округи ҳарбии Забайкалйе ба идораи рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ»-и ноҳияи Хуҷанд ба кор омада, аввал ба сифати ходими хурди адабӣ, сипас котиби масъул адои вазифа намуд. Солҳои 1975-1981 вазифаи мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Хуҷандро ба ӯҳда дошт.

Сипас боз фаъолияти журналистиашро дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба ҳайси мудири шӯъба идома додааст.

Иброҳимов Маҳмудҷон соли 1990 сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» (алҳол ҳафтаномаи «Хуҷанд») ва соли 2000-ум сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) таъин гардид.

Аз моҳи январи соли 2004 инҷониб роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад. Узви Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои журналистӣ аст. 5 китоб ба чоп расонидааст. Бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, медали тиллои НКХХ СССР сарфароз гардидааст. 23 январи соли 2012 фавтидааст.