Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд .

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна натанҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё торафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Ифротгароён бо истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, ҳадафашон вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеа аст.

Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои террористӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Бояд ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Н.Ҳамидова,
устоди Донишкадаи политехникии донишгоҳи
техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд забонҳои хориҷии ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh