БУҚАЛАМУНИИ КАБИРӢ АЗ АЗАЛ БУД!
- Details
- Published on Thursday, 05 December 2024 10:40
Дарвоқеъ пас аз мутолиаи мақолаи Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода, дар сомонаи иҷтимоӣ таҳти унвони «Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ бӯқаламунро ба ёд меорад” инсони оқилу соҳибақл ба андеша фурӯ меравад, ки чаро чандин сол роҳбари наҳзат Кабирӣ ошкоро дар соли нави мелодӣ табрик карданро маҳкум мекард, вале дар ин сол ӯ тариқи сомонаи ифротии худ Паём.нет ба табрикоти солинавӣ пардохтааст.
Муҳиддин Кабирӣ, ки даҳҳо сол зери ҳимояти охундҳои Эрон буд, соли нави мелодиро ҳаром ва маҳкум мекард, чун хоҷагони эронӣ аз сарпарастии ӯ даст кашиданд, рӯй ба “мистер”-ҳои Аврупо ниҳод ва ба хотири худро хуб кардан ба табрикоти ҷашни асосии аврупоиён пардохт.
Дарҳақиқат, соли ҷорӣ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки душманони миллати мо - наҳзатиёни ватанфурӯш аз ин оҷиз ва ноком гаштанд. Ҳаммаслакони Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯ аз пешравиҳои миллати тоҷик дар дил кинаю адовати зиёдро ҷой доданд.
Дар маҷмӯъ, хулосабарориҳои Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар робита ба табрикоти солинавии Кабирӣ касро ба чунин андеша водор месозад, ки ӯ мисли “буқаламун” дар ҳар маврид ба хотири фоидаи худ андешаҳояшро иваз мекунад. Вақте, ки дар зери охундҳои шиа буд, таҷлили Соли навро ҳаром эълон намуд, аммо чун ба Аврупо рафт, ба хотири чоплусӣ иди ононро ҷашн мегирад.
М.АКМАЛОВА,
дотсент, декани факултаи
сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои
байналхалқии Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон