Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем...
- Details
- Published on Thursday, 28 November 2024 10:31
Вазъи имрӯза вобаста ба шомилшавии бархе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки аз нофаҳмӣ ва ноогоҳию бехабарӣ аз фарҳанги миллӣ, паст будани сатҳи маърифат, надоштани дониши сиёсӣ, мавқеъ дар ҷомеа, ҷудошавии оилаҳо омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Онҳо ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, вазъро ноором месозанд. Аз ин роҳ баргардондани ин қабил ҷавонон воситаҳои гуногуне мавҷуданд, ки садди роҳи онҳо мешаванд. Барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб аҳли ҷомеаро лозим аст, ки баҳри решакан кардани ин падидаи носолим дар якҷоягӣ ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ намоем.
Аз ин лиҳоз, ташкил кардани системаи боэътимоди муқовимат бо терроризм ва экстремизм, амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳкунӣ, таъминот бо воситаҳои моддию техникии муосир, ҷалби сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ифотгаро мувофиқи матлаб мебошад.
Дар замони муосир зарур аст, ки дар ҷодаи таълиму тарбия баробари омӯзонидани илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи навин ҷавонону наврасон доир ба динҳои ҷаҳонӣ низ иттилооти кофӣ дошта бошад.
Ҷамшед НОСИРОВ,
омӯзгори Коллеҷи ормӯзгории шаҳри Панҷакент