Мо ТТЭ ҲНИ-ро хуб мешиносем

Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромадҳои фитнакоронаи худро барои ба дасисабозӣ кашидани хусусан ҷавонон бо ҳар роҳу восита идома дода истодааст. ҳодисаҳои пурдаҳшат, хунрезӣ, бародаркушӣ ва хонасӯзии оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ҳанӯз аз хотирамон ҳанӯз нарафтааст.

Мо баҳри фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон монда нашуда, саҳм мегузорем. Имрӯз бо азму талоши мардуми диёр Сулҳу ваҳдат, тинҷиву осоиштагӣ дар сарзаминамон ҳукмрон аст. Шукри сулҳу амонӣ, шукри Истиқлолият, шукри Ватани ободу озод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Мо мардуми хушбахти тоҷик дар фазои тинҷиву оромӣ аз неъматҳои шаҳдбори кишвари соҳибистиқлол бархурдорем. Ноҳияи худамон Айниро мисол меорем. То замони соҳибистиқлолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор роҳи ағбаҳои Анзобу Шаҳристон баста мешуданд. Аҳолии ноҳия аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сахт азоб доштанд. Шукри соҳибистиқлолии кишвар дар муддати кӯтоҳ нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” сохта, ба истифода дода шуду азобу шиканҷаҳои мардуми ноҳия афсона шуда монд. Ҳоло ноҳияи Айнӣ бо кушодашавии заводу фабрикаҳо ба  ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил дода шуда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ноҳияҳои пешқадам шинохта шудааст. Ободкориҳои маркази ноҳия ва деҳоти дурдасти он хурсандибахшанд.

Аммо тарафдорони ТТЭ  ҲНИ ва Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд, ки бо суханҳои ҷоҳилона ва ваъдаҳои пуч майнаҳои моро пур кунанд. Мо ба макру фиребҳои Кабирӣ бовар намекунем ва фирефта намегардем. Бо чашми сар дидем, ки онҳо ҷиноятҳои зиёд, монанди одамкушӣ, авбошӣ, нашъаҷаллобӣ, амалҳои террористӣ ва ғайра содир намуда, беҳтарин олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва шахсони барӯмандро нобуд намуданд. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат ба давлат, ба миллат ва ба Ватан аст.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷии хеш аз дини мубини Ислом сӯиистифода намуда, хоҳони нооромиҳо дар - Тоҷикистон аст. Вале мардуми бофарҳанги мо дар фазои сулҳу суботи оромӣ умр ба сар бурда, некро аз бад ва сафедро аз сиёҳ хуб фарқ мекунанд. Хуб медонанд, ки онҳо ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, куштор ва бадномӣ ягон кори хуберо барои ин миллат накардаанд.

Мо -  ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар мерасем. Зеро фардои дурахшони кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистон дар дасти мо - насли ҷавон аст. 

Шараф БОҚӢ,

 Сулҳиддин ТИЛАБОВ,

Сафар РАСУЛОВ,

ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh