БАРОИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ САРҲАДУ ҲУДУД МАВҶУД НЕСТ!

Истиқлолияти сиёсии мамлакат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани истиқлолияти давлати мо ба ҳама кор даст мезананд. Аз ҷумла тухми кинаву адоватро дар ҷомеа кишт намуда, аз дур истода тамошо мекарданд, ки то чи андоза тоҷик бародари тоҷики худро ба қатл мерасонад.

Хушбахтона баъди чандин рӯзу моҳ ва солҳои бесарусомонӣ ба диёри мо сулҳ ва ваҳдати миллӣ омад. Қувваҳои ба ҳам зид сари як масъла ҷамъ омаданд ва давлати мо аз ҷанги хонумонсӯз роҳоӣ ёфт. 

Лек бархе аз душманони миллат ва собиқ размандагону ҷанговарони наҳзатӣ аз ин авфи давлату миллат сабақи нек набардошта, соли 2015 даст ба табаддулоти давлтӣ заданд, ки оқибат абудулабад шикаст хӯрданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҳамчун далати мустақил дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ дар сафи пеш қарор дорад. 

Имрўз Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми худ қодир аст ва намегузорад, ки ягон нафар ифротӣ, террорист ва экстремист сарҳади моро убур ва осмону софу буғубори диёрамонро хира гардонад. Мо мардуми тоҷик баҳри решакан намулани гуруҳҳои фиротӣ дар ҷомеа зери сиёсати созандаи давлату ҳукумат сарҷамъ бошем. Моро лозим аст, ки бо ҳушёрии сиёсӣ ва меҳнати софдилонаи худ оромию суботи мамлакатро таҳким ва тақвият бахшем.

Солихоҷаева С. – ассисенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh