Даъвоҳои дурӯғу ботил

Дар  мусоҳибаи  «Чаро оғози музокироти сулҳи Франкфурт фурӯ рехт?» як катор андешаҳои  нодуруст ва ғаразмандона  баён шудаанд, ки  барои  инсонҳои  бехабар  шояд  бетаъсир набошад.  Бояд таъкид кард, ки Равшан Темуриён, раҳбари ҳайати машваратии “Паймони миллӣ” яке аз ҳаммаслакони Муҳиддин Кабирӣ аст, ки ҳадафашон низоъ ангехтан миёни мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи аслии ин шахс ба оромиву осоиштагии Тоҷикистон халал ворид сохтан аст. Суханони ӯ шабеҳ ва такрори суханони Муҳиддин Кабирӣ аст. Ин шахсон бо ҳар ранге набошад, мехоҳанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати ноором ва бегона аз ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ намоянд. Инсони огоҳ медонад, ки намояндагони тоҷик дар Нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо   афкори  ивғоангезонаи мухолифини тоҷикро ошкор карда, перомуни ҳадафу мақсадҳои нопоки эшон фикру андешаҳои худро ба ҷаҳониён расонанд, ки Точикистон барои ҳимояи ҳуқуқҳои инсон яке аз давлатҳои фаъол маҳсуб меёбад.  Дар ин нишаст бори дигар  исбот гардид, ки мухолифони тоҷик ҳамарӯза бо  тамоми нерӯашон  кӯшиш мекунанд, ки дар Точикистон дубора нооромиҳо оғоз гирад. Имрӯз ба ҳама сокинони кишвар маълум аст, ки дар  замони истиқлолияти миллӣ ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, ки ҷои инкор ва нодида гирифтан нест.

Душманони миллати тоҷик, ки бо ҳар гуна роҳу восита ҷанги иттилооти пеш мебаранд, бояд донанд, ки мардуми шарифи тоҷик ба ин гуна дасисаҳо бар таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.  Равшан Темуриён аз зумраи хиёнаткорони ватан мебошад, ки бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд кишварро ба коми ҷангу хунрезӣ кашанд. 

Б.РАҶАБОВ,
Р.АБДУЛЛОЕВ,
устодони ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh