Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем
- Details
- Published on Thursday, 05 December 2024 08:24
Имрӯз ҳар як шаҳрванди солими аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд шукргузор аз неъмати бебаҳои Истиқлолият, оромию осудагӣ ва фазои созандаю бунёдкор бошад ва ҳатман бо кадом роҳ ва кадом мушкилиҳои сангин ба даст омадани ин вазъияти созгори ҳаёти ҷамъиятро фаромӯш насозад. Он роҳе, ки мову шумо барои ба даст овардани Истиқлолият тай намуд, хеле дурудароз ва пур аз муаммову саддҳои табииву сунъӣ буд.
Ба халқи барӯманди тоҷик даст дод, ки зери партави сиёсати пешгирифтаи сарвари фозил, оқилу дурандеш ва ҳамзамон сиёсатмадори пурмаҳорат Эмомалӣ Раҳмон ин саҳифаи мушкили сиёсиро пасисар намояд. Имрӯз Тоҷикистони мо ба қатори яке аз мамлакатҳои соҳибистиклоле, ки нерӯи бузурги илмӣ, маданиву фарҳангӣ дорад, мубаддал гаштааст ва дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ пешравии назаррас ба чашм мерасад.
Аммо тазоди зиндагист, ки бархе наметавонанд шукуфоии кишварро бубинанд ва кӯшишҳое доранд, то теша ба решаи амну осудагии мо бизананд. Бо тӯҳматҳои ноҳақу далелҳои беасос майли дар байни мардум коштани тухми кинаву адоватро доранд ва иғвогариҳои ин қабил мардуми дур аз мафҳумҳои олии сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осоиштагӣ, хотирҷамъӣ боиси сарусадоҳои гуногун шуда истодааст.
Мо, омӯзгорон-таълимдиҳанда ва тарбиякунандагони насли наврас аз чунин зухуроти номатлуб бояд дар канор набошем, бе тафовут ва бетараф набошем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки насли наврасро дар асоси сиёсати созандаи пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукумат тарбия намоем. Онҳоро аз роҳҳои гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздорем ва ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Шоира Ҳакимова,
дотсенти кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти тоҷик