Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Исфара

Дирӯз, 28 феврал Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардид.

Ба пешвози ҷашнҳои бузурги миллӣ ва бо фарорасии фасли баҳори нозанин дар қатори тамоми мардуми кишвар сокинони шаҳри Исфара низ ба раванди корҳои созандагӣ руҳи тоза медаманд. Бояд гуфт, ки дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз ба ташаббусҳои ободониву сабзгардонӣ даст задани сокинон анъанаи неки аҷдодон ва фазилати хоси ин ҷашни ҳумоюнқадам аст, ки башорат аз рӯзи наву рӯзгори нав медиҳад. Дар баробари ин, эълон гардидани 120 рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят, масъулияти шаҳрвандии бошандагони шаҳрро афзунтар намуда, онҳоро пайи иҷрои амалҳои хайру созандагӣ раҳнамун сохт.

Абдураҳмон Қодирӣ дар маркази шаҳри Исфара бо нақшаи ободонӣ ва намунаи ниҳолҳои ороишие, ки мақомоти иҷроия ва соҳибкорон барои сабзгардонии хиёбону роҳравҳо ва саҳни ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтаанд, шинос шуд ва бо шинонидани ниҳол сокинони шаҳрро барои вусъати корҳои баҳорӣ ҳидоят намуд. Вобаста ба ин, имрузҳо ҷиҳати зебову назаррабо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр маъракаи шинонидани ниҳол оғоз шудаву идома дорад ва то охири мавсим садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ҳусни шаҳрро афзун хоҳанд намуд.

Корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара низ ҷараён доранд. Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ таъмиру тармими биноҳои истироҳатию табобатӣ, саҳн ва ҳудуди осоишгоҳ имрӯз мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, ҳамзамон бунёди меҳмонхона, ҳавзҳои истироҳатию солимгардонӣ ва дигар иншооти зарурӣ дар ҳудуди он ба нақша гирифта шудаанд. Осоишгоҳи “Зумрад” калонтарин маркази истироҳатию солимгардонии серсоҳаи ҷумҳурӣ буда, дар тӯли мавҷудияти худ берун аз кишвар низ шуҳрати зиёд ба даст овардааст. Дар ин осоишгоҳ ҳамасола беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷа саломатии хешро барқарор менамоянд. Осоишгоҳи “Зумрад” барои пешгирию табобати бемориҳое чун дилу рагҳои хунгард, сутунмуҳра, системаи асаб, занонаю мардона ва ғайра пешбинӣ шудааст. “Зумрад” дорои чор хобгоҳ, се бинои табобатӣ ва дигар иншооти табобату истироҳат буда, бо ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ он метавонад дар шароитҳои боз ҳам беҳтару замонавӣ ба эҳтиёҷмандон хизмати босифати тиббӣ расонад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ ба масъулин тавсия дод, ки ободонии ҳудуди осоишгоҳ ба таври лозима ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh