Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Россия дар Тоҷикистон И. С. Лякин-Фролов

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби И. С. Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо раванди муносибатҳои тарафайни минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар заминаи рушди муносибатҳои судманди Тоҷикистону Россия, ба вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Вилояти Суғди Тоҷикистон чун водии имкониятҳо барои ҷониби Россия метавонад минбаъд низ шарики иқтисодию тиҷоратӣ боқӣ монад. Бахусус, дар самти содироту воридоти меваю сабзавот, хушкмеваи бандубастшуда ва масолеҳи сохтмонӣ ҷонибҳо имкони ҳамкориҳои бештар доранд.

Дар вилояти Суғд захираи кофии сабзавоту меваҷоти тару тоза ба туфайли ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ фароҳам омадааст ва ба ин намуди маҳсулот дар бозорҳои Россия талабот зиёд аст. Хусусан, дар мавриди содироти пиёз, зардолую олу ва полезиҳо ба бозорҳои Россия дар вилоят имкониятҳои васеъ ба миён омадаанд. Илова бар ин, дар вилоят ба бунёди боғҳои интенсивии меваҳои содиротшаванда эътибори хоса зоҳир карда мешавад.

Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҳамчунин аз раванди ҳамкориҳо дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ кард. Соли равон низ мактабҳои олии Федератсияи Россия бо роҳи муаррифии имкониятҳои худ ва ба роҳ мондани имтиҳонҳои сайёр дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд толибилмони хоҳишмандро барои таҳсил дар муассисаҳои олии ин кишвар қабул карданд. Соли гузашта 800 ҷой тариқи квота ва 2000 ҷой тариқи буҷавӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Россия муайян шуда, имсол ин рақамҳо афзоиш ёфтаанд, ки аз қаноатмандии ҳамкориҳои тарафайн дар самти донишомӯзии ҷавонони тоҷик дарак медиҳад.

Ҷонибҳо дар доираи суҳбат ҳамзамон ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ дахл карданд. Зеро Суғди бостонӣ имрӯз яке аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои саёҳати меҳмонони хориҷӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Димломати рус ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят баҳои баланд дод ва вилояти Суғдро минтақаи рушдкарда ва дорои ояндаи неки иқтисодиву тиҷоратӣ маънидод кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh