Сафари расмии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

10-уми майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон Муҳаммад Ашраф  Fанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри миллат баргузор гардид. Меҳмони олимақомро дар назди Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: “Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт”.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз дошт, ки “Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони таҳкими амну осоиш дар кишвари Шумо ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он мебошад ва ба ин манзур аз барномаи сулҳи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғо-нистон истиқбол менамояд”.

Ҷонибҳо аз вазъи имрўзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд изҳори қаноат карданд.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳо беш аз 170 миллион долларро ташкил дод, ки ин нокифоя аст.

Тоҷикистон соли гузашта ба Афғонистон қариб 1 миллиарду 200 миллион ва тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 миллион киловатт-соат нерўи барқ интиқол дод.

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика ва рушди зерсохтори нақлиётиву транзитӣ ва амалӣ кардани тарҳи дорои аҳамияти минтақавии “CASA-1000” имконияти интиқоли ҳаҷми зиёди нерўи барқро ба Афғонис-тон фароҳам меорад. Тоҷикистон инчунин ҳавасмандии худро ба сохтмони хатти роҳи оҳани “Тоҷикистон - Афғо- нистон – Туркманистон” таъкид намуд.

Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зарур шумурда шуд, зеро ин омил метавонад, боиси рушди робитаҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, ҳамчунин густариши ҳамкории гуманитариву фарҳангӣ барои ҳар ду кишвар гардад.

 Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои  замони муосир аз мавзўъҳои муҳими сўҳбат буд.

Пас аз анҷоми мулоқот аз рўи натиҷаҳои вохўрӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро имзо карданд. Инчунин, дар ҳузури Сарони кишварҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.

Дар толори Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ доир намуданд.

www.prezident.tj

Add comment


Security code
Refresh