Тафаккури миллӣ ва андешаҳои ҷаҳонсози ҷавонони маорифпарвари тоҷик

Амри собитшуда ва сабақи таърихист, ки инсоният аз нахустин айёми маърифати ҳастии худ ҳамеша ниёзмандиашро ба пайванди рўҳонӣ, ҳамдиливу иттиҳод дар рафъи мушкилот эҳсос намуда, бад-ин васила иттифоқу ягонагӣ ё таъбири баёнгари маҷмўи ин отифаҳо - ваҳдатро аслу мояи зиндагонии шоиста ва паёми наҷоти хеш аз куллияи ҳаводису воқеот ва бархўрдҳои ташаннуҷангези рўзгор шинохтааст. Бавиҷа, дар зеҳну хотираи миллати мо чунин бархўрдҳоро ба фаровонӣ метавон маърифат намуд, ки ҳамагӣ ҳосили санҷиши таърихӣ ва муфассири қудрати ваҳдатсози ин халқу миллати эътирофшуда бар офаринандагиву созандагӣ маҳсуб меёбанд.

Дар марҳилаи ҷадиди таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва таноқузи воқеъёфта маҳз бо таваҷҷўҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар маросими таҷлили Рўзи ваҳдати миллӣ дар Бадахшон ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад-ин қарор тавзеҳ дод: "Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.

Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем. Дар ин раванд, мо пеш аз ҳама пойдевори кохи бузурги ваҳдатро гузошта, барои зиндагонии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад".

Агарчӣ расмияти сиёсии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 анҷом пазируфт, аммо шурўи марҳилаи сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишварро метавон минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон номзад намуд. Паёми сулҳнисори Сарвари давлат, ки аз остонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба саросари олам рисолати ваҳдатофар ва ваҳдатовари Эмомалӣ Раҳмонро паҳн кард ва нидои "ман ба шумо сулҳ меоварам" - дурнамои зиндагонии шоиставу обод ва озодаву оростаи тоҷиконро таҷассуми мунаввар ато намуд. Ҳанўз дар муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми тоҷик нияти неку хайр ва хуҷастаи ў дар офариниши сулҳу саодати халқ ҷилвагар шуд: "Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам".

Фалсафаи ибратоин ва ҳумоюни гузаштагони мост, ки ҳамеша нияти неку хайр ва савоби султонро бузургтарин васила ва омили шараф ба саодати абадӣ шинохтанд. Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғазолӣ бо руҷўъ ба рўзгори Анўшервони Одил аз номи ин султони хуҷастамазҳари аҷдоди мо нақл кардааст, ки "Рўзе ба вақти баҳорон барнишаста буд бар сари сабили тамошо. Ва андар миёни сабза мегашту дар дарахтони пурбору дар боғҳои ободон менигарист. Ногоҳ аз асп фуруд омаду Худойро шукр кард ва рўй бар хок ниҳоду замоне дароз дар суҷуд буд. Чун сар аз хок бардошт, касони хешро гуфт, ки фарохии сол аз доду адли подшоҳ бувад ва некўниятӣ ва эҳсон кардан ба раияти хештан. Ва сипос Худойро, ки некўниятии мо дар ҳама чизҳо кард". Ва ин сухан бад-он гуфт, ки ўро таҷриба афтод ба вақте, чунон ки ба ҳикоят омадааст".

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрўз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст. Ин ҳама ибтикорот ва пайкорҳои муаззам қабл аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон - вориси ин салотину мулуки бузург доранд, ки дар минбари Иҷлосияи шонздаҳум ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпайи эшон садо додаву ба тадриҷ бо таҳаққуқи андешаи созандаи мардуми тоҷик "нияти нек - ними давлат" давлату иқболи беназиреро барои мо -тоҷикон дар кўтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба таъбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутааддин роҳ кушода, маҳсули худро дар бузургтарин ибтикору дастовардҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рўшан ва пешорўи халқ ҷилвагар сохтанд.

Ҳамин гуна бо имзои ҳуҷҷати бахту саодати миллат- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ҷадиди шукўҳу нусратҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки ба дунболи талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардиданд, мунҳасир ба ниёзҳои миллии тоҷикон ва мансубият ба як халқу миллату мазҳаб боқӣ намонданд, балки бо таваҷҷўҳ ба ибратпазирӣ аз сиёсати кишвардории миллии Сомониёни хуҷастамазҳар сиёсати ваҳдати миллӣ то вусъати ваҳдати фикриву ақидавӣ ва мазҳабиву динӣ тавсеа ёфта, ба тадриҷ дар заминаи эҷоди муколамаи фарҳангҳову динҳо манзалати ҷаҳонӣ касб кард.

Маҳсули ин ибтикор ва таваҷҷўҳ ба сиёсати давлатдории миллии аҷдоди хеш буд, ки соли 2009 таҷлили Соли бузургдошти Имом Абўҳанифа аз сар гирифта шуд ва Сарвари давлати тоҷикон бо мурур ба фарҳанги таҳаммулпазирии ин шахсияти оламгири ҷаҳони ислом фалсафаи оштии мазоҳибу динҳоро ба миён гузошта, ҷилавгирӣ аз афкори муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро таблиғ намуд. Ҳосили ин таваҷҷўҳ ба таъмини ваҳдати милливу динии тоҷикон муассир афтода, рисолати сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмонро аз мақоми миллату халқиятҳои мамлакати худ то ниҳоду давлатҳои ҷаҳони ислом иртифоъ бахшид, ки нақши созандаи андешаҳои ўро ба ҳукми эъморгари ваҳдати мазҳабӣ дар сурат ва сирати таълимоти Имом Абўҳанифа бозтоби равшан мебахшанд.

Ҷаҳонишавии Наврўз, ки тавҳиди раъйи на танҳо кишварҳои форсизабон ва ҷаҳони исломро таъмин кард, балки дар ақсои олам ҳавзаи тамаддуни Наврўзро бо ҳузури беш аз бист давлати таҷлилкундаи он эҷод сохт, бо сарчашмагирӣ аз ибтикороти ваҳдатоини давлати тоҷикон унсури тамаддуни миллии моро мақоми ҷаҳонӣ ато фармуда, бад-ин васила фарҳанги тоҷиконро дар партави ваҳдати умумибашарии оини ҷаҳонии миллат ба саросари гетӣ нашр сохт, то аз файзу баракоти он ҷомеаи башарӣ низ бебаҳра намонад. Ин тадбир ҳам падидаеро дар зимни омезаи аносири фарҳанги милливу динӣ ва ҷаҳони имрўз пайрезӣ намуд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ ба миллати мо азамату тавони тозаи оламгирии фарҳангӣ ато кард.

Эмомалӣ Раҳмон чун бунёдгузори фарҳанги нави сулҳ афкори ҷаҳонсози хешро аз ҳадди ваҳдати миллӣ, тафаккури поку мубаррои мазҳаби Имом Абўҳанифа то ба марзи муколамаи фарҳангҳо тадовум бахшида, дар канори баррасии вазъи Тоҷикистони имрўз ва дурнамои он башариятро ба ҳамгироиву ҳамдилӣ ва ваҳдати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои глобалии сайёра бозмехонад. Ин амр баёнгари он аст, ки имрўз намод ва консепсияи фарҳанги сулҳи Тоҷикистон ба тадриҷ манзалати ҷаҳонӣ касб карда, кишварҳои олам аз ин таҷрибаи бесобиқаи ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ файз бардошта, дар ҳалли муноқишаҳои гуногуни мафкуравӣ ва сиёсиву ҳарбӣ аз тадобир ва пиндору назароти он ба кор мегиранд.

Ҷаҳонороӣ ва ҷаҳонишавии фарҳанги сулҳи тоҷикон гузаштаҳои дурро ба мо ва имрўзамонро ба фардоҳои мақсуд пайванд бахшида, аз сарзамини ваҳдати миллӣ ва марзу буми як миллати дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таъбири Эмомалӣ Раҳмон бо андозаи "донаи рег" то қитъаҳои бузургу анҷумани давлатҳои олам, уқёнусҳои нопайдоканор интиқол дода, кишвари моро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сайёра дигарбора ба ҷаҳони муосир пайванди маҳкам мебахшанд.

Таваҷҷўҳ ба ин ҳосилаҳои сиёсати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳнамои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сўи фардоҳои пур аз корномаву ибтикороти навин пеш аз ҳама дар канори тафсири воқеиятҳои ин падидаҳои равшан ва мубарҳани низоми давлатдории имрўзаи кишвари мо ҳамчун равишҳои эътирофшуда дар сиёсати ҷаҳонӣ бозгўӣ ва шарҳу эзоҳ ба насли имрўз ба хотири маърифат ва шинохтану дарки ҳақиқати он аст. Чуноне ки дар суханрониҳои хеш сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш азҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст».

Таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси мақомоти Президенти кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ берун меоянд. Маҳз, ба ҳамин хотир аст, ки сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими Президенти мамлакат ҳам пеш аз ҳама дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад.

Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст. Ин аст, ки имрўз дар партави баргузории чорабиниҳои мўҳташами бархурдор аз арзишҳои фарҳангиву маънавӣ дар қатори дигар қишрҳои иҷтимоии ҷомеа аз ҷавонон низ даъват ба амал оварда мешавад, то ки ба омўзиши мероси аҷдодӣ ва сабақгирӣ аз таҷрибаи тоҷикон дар масири таърихи мавҷудияти хеш таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоянд. Аз назари дигар, таҷлили ҷашнвораҳои шукўҳманди 1100 солагии Давлати Сомониён, 1000 солагии Носири Хусрав, 2700 солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кўлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, соли бузургдошти забони тоҷик ва Соли Имоми Аъзам, таҷлили 1150 солагии устод Рўдакӣ дар тафаккури ҷавонони мо равзанаҳои хосе дар ҷодаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва маърифати саҳеҳи таърих ифтитоҳ менамояд.

Маҳз, аз ин гуна раҳгузор ҷавонони мо имкон пайдо мекунанд, ки самтҳои хоси шинохти арзишҳои миллии гузаштаро муқаррар намуда, сабақҳои шоиста ва пешбарандаро дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии хеш дармеёбанд. Ин меъёри маърифати арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон аз нигоҳи аввал барои густариши фикрӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллии ҷавон омили муассир ояд, аз дигар сў сабақбардорӣ аз зиндагии ибратбахши ниёгон насли нави имрўзро ба сўи ормонҳои олӣ ҳидоят намуда, шоистагии онро дар баробари ниёгони шўҳратманди хеш ба субут мерасонад.

Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол вусъат пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди давлати имрўза барои тарбияи фикриву маънавии насли нақши рўшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва баромади аксари онҳо дар рўҳияи худогоҳона аз ин дарак медиҳад. дар ҳамин фазои мусоид ва амалияи нуктаҳои асосии созишнома буд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвандад. Баргузоршавии мулоқотҳои сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва таъйини Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гунае метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ номзда кард. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ваҳдати миллии ба дастомада дар ҳаёти ҷавонон низ таъсири мунир гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои сарвари давлат ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ ба ҳама омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро гузошта меоянд. Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос намуданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад, ки кишварро ба сўи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад.

Танҳо таҳлили ҳаёти ин чандсолаи ҷавонон бозгўи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рўзгори насли ҷавони кишвар падидаҳои фараҳбахш ба вуқўъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, ки бевоситаи ибтикор ва иқдоми наҷиби худи Президенти кишвар буд, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рўи кор омадани осор ва тадқиқоти судманди олимони ҷавон нақши муассир гузошт. Олимону аспирантон дар канори баҳравар шудан аз ин иқдоми хушоянд соҳиби идрори номии Президентӣ гардиданд. ки ҳамасола ба чанд нафар пешқадамони олами таҳқиқ аз ҳисоби ҷавонон дода мешавад. Аз ин самт ҳам дастгирӣ ёфтани ҷавонони паҷўҳишгар болоравии сатҳи корҳои илмии онҳоро дар самти анҷоми таҳқиқоти бунёдӣ таъмин намуд. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мубаллиғи сиёсати давлат дар байни ҷавонон ва бо мақсади татбиқи амалии ин ормонҳо дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар ҳама риштаҳои дигар аз масоили меҳвари фаъолияти худ қарор дод. Натиҷаи ин таъсиси чанд ҷоизаи махсуси Кумита дар риштаҳои адабиёт, ҳунар ва рўзноманигорӣ аст, ки ҳамасола дар арафаи Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон ба шоирону адибон, ҳунармандон ва рўзноманигорони ҷавон супорида мешавад.

Тўли чанд соли фаъолияти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ҷавонони зиёде аз ҳисоби олимони ҷавони кишвар тавонистанд, ки бо корҳои шоиста дар назди таърихи миллати тоҷик ба гирифтани ин мукофоти баланд шарафёб гарданд. Масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба илм ва шавқу шўри беандозаи ҷавонони моро нисбат ба омўзишу парвариш дар ин самт метавон сабақе аз шинохти дастовардҳои ниёгони шарафманд маънидод кард. Ба гирифтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни ҷавонон мушарраф гардидани 4 нафар олимони ҷавони вилояти мо, инчунин ба ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров сазовор гардидани чанд тан аз ҷавонони болаёқату эҷодкор, зиёд гардидани теъдоди иштирокчиёни конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ ва берун аз он, ба сифати аспирант ва муҳаққиқ-коромўз ба марказҳои илмии бонуфузи кишварҳои ИДМ ва хориҷи он сафарбар шудани олимони ҷавон ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар муассисаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ ба мақоми махсуси ҷавонони болаёқати вилояти мо ҳамчун созандагони фардои ҷамъият таъкид мекунад

Ба ин монанд дар дигар соҳаҳои ҳаёти моддию маънавии ҷомеа нақши рўшани ҷавонон эҳсос мешавад, ки ба гунае аз маърифати арзишҳои дирўзу имрўз сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон барои эҷоди арзишҳои нави маънавӣ дар ҷомеаи кунунӣ замина мегузорад, ки ташаббускори асосии эҷоди ин арзишҳо пеш аз ҳама ҷавонони кишвар мебошанд.

Аз ин мулоҳизот бармеояд, ки баробари маърифати арзишҳои маънавии гузаштагон насли имрўзро ҳамқадами замон будан ва дар зовияи талаботҳои ҷомеаи кунунӣ мутобиқ намудани арзишҳои маънавии гузашта амри муҳим маҳсуб мешавад. Мутаносибан ба ҳамин нуктаи зарурӣ аст, ки Президенти мамлакат ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷиҳати татбиқи амалии ин нуктаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид кардаанд: «Зиндагии наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техника ва технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад». Вобаста ба ин ҷавонони моро зарур аст, ки бештар ба талаботҳои ҷомеаи муосир тафаккур ва марому мақсади хешро мувофиқ намуда, ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забонҳои хориҷӣ, омўзиши компутар ва бархурдорӣ аз дастовардҳои илму техникаи нав саъйу эҳтимом варзанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ба ин насли ояндасоз ҳамчун мутахассисони замонавӣ ва ҷавобгў ба талоботҳои ҷомеаи муосир такя намоем ва аз онҳо тадқиқоту ихтироот, дастовардҳои тозаи касбӣ, адабиву эҷодӣ ва амалӣ интизор бошем.

Бо шукўҳи хоса таҷлили гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон худ падидаи ҷолибе аст, ки сиёсати давлати кунунии тоҷиконро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли наврас ифода менамояд. Ин қадршиносӣ далолат бар он дорад, ки дар ҷомеаи имрўза мақоми ҷавонон рўз аз рўз боло рафта, нигоҳи давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Дар маҷмўъ ҳамаи ин дастовардҳои бузурги ҷавонони қарни ХХI-и кишварро бо эътимоди комил метавон меваи истиқлол ва сиёсати фарҳангсолоронаи сарвари давлат номид, ки аз баракати ин марҳилаи сарнавиштсози кишвар барояшон муяссар гардидааст.

Умед бар он мебандем, ки бо дарки амиқи шинохти арзишҳои маънавӣ ва маърифати падидаҳои илмиву амалӣ ва фарҳангиву ирфонии ҷомеаи муосир, ҳамзамони ба ҳам пайванд бахшидани арзишҳои дирўзу имрўзи миллат ҷавонони мо ба офаридани дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ муяссар гардида, барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳони тозаву нав бо нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳанд кард.

Нуралӣ Нурзод,
шоир, дорандаи Мукофоти ба номи Исмоили Сомонӣ

Add comment


Security code
Refresh