Ислом аз нигоҳи ҳукуқӣ ва ҷаҳонбинии тавҳидӣ

Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии Шарқи араб, ҳаводис ва ҷангҳои шаҳрвандии дохилӣ дар онҳо масоили аз нигоҳи нав назар намудан ба ғояи ягонагӣ ва нақши дин дар ин равандро ниҳоят муҳим гардонидаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи номбурда барои Тоҷикистон низ, ки баъди соҳиб шудан ба истиқлолият роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқиро пеш гирифтааст аз ҳар ҷиҳат муҳиму аҳамиятнок аст.

Имрўз, чуноне ки маълум аст, таъсири мутақобилаи се падида, яъне дин, давлат ва ҷамъият ба ҳам зич гардида, дар доираи он масоили таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, дар мувозинат нигоҳ доштани идеологияи динӣ ва ғайраҳо дар маркази таваҷҷўҳ қарор доранд. Чунин ҳолат нав набуда, балки давоми чандин асрҳо баъди нузули ислом ба Осиёи Миёна рушду такомул ёфта то замони мо омада расидааст. Дар ҳақиқат агар ба гузаштаи таърихи давлатдории тоҷикон нигарем, чӣ дар аҳди Тоҳириёну Сомониён ва чӣ дар давраи ҳукумати сулолаҳои баъди давлату ҳокимият кўшиш мекарданд, ки бо ҳар роҳу усулҳои имконпазир дар ҷамъият вазъи таъсиру нуфузи диниро ба эътидолу як маром оранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав бо ном «исломӣ», масалан қарматия, мўътазила, рофизия, саъбия ва ғайраҳо) ваҳдати диниву миллиро коста гардониданд. Бо чунин мақсад, ҳатто дар аҳди Сомониён таҳти супориши махсуси Амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби фақеҳон ва илоҳиётшиносони маҳаллӣ асари машҳури «Ас-савод-ул аъзам» таълиф карда мешавад.

Бо ҳамин тарз, барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои марбут ба аниқ намудани вазъи дин дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа нав набуда, дар замони муосир дар шакли навин арзи ҳасти кардаанд.

Аммо имрўз дар шароитҳои ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва таҳти таъсири бузурги маданияти ғарбӣ қарор гирифтани фарҳанги миллӣ бояд на танҳо механизми таъмини мувозинат дар муносибатҳои мутақобилаи дин, давлат ва ҷамъият барқарор бошад, балки лозим аст акнун дин дар ҳифзи дастовардҳои фарҳанги миллӣ, ки тўли садсолаҳо бо ҳам ҳамқадам буданд, гузошта шавад. Чунин хусусият тарҳрезӣ намудани механизми нави инкишофи дин, давлат ва ҷомеаро талаб мекунад. Дар робита ба ин, аҳамияти муосири тамаддуни исломӣ-ҳуқуқиро мавриди назар қарор дода, д.и.ҳ., профессор А.Ғ. Холиқов менамояд: «имрўз намесозад, ки ба ин тамаддун ҳамчун тамаддуни кўхнашуда, фарсуда ва кинапарвар назар намуд. Агар дар ҳақиқат чунин мебуд, бузургтарин фаразандони маърифтапарвару инсондўст чун Рўдакиву Саъдӣ, Мавлоною Ҷомӣ Ҳофизу Бедил, Низомию Форобӣ ва дигарон дар паҳноӣ он ба воя расида, халқҳои ҷаҳонро таълими некию некўкорӣ намедоданд».

Аз ҳамин лиҳоз, дар замони муосир ҷаҳонишавии тавҳидии Ислом, к ибо ҳар падидаву тазодҳои хеш шароиту омилҳои ба такон овардани амнияти истиқлолияту давлатдории миллӣ ва фарҳанги волои халқро ба вуҷуд меоварад, муайян намудани роҳу усулҳои ҳамзистиву ҳамкории ислом ва давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аҳамияти хоса дорад.

Ислом аз он бармеояд, ки ҳуқуқи амалкунанда аз тарафи Худованд омада, дар давраи муайяни таърихӣ тавассвути паёмбараш Муҳаммад (с) ба бандагонаш нозил шудааст. Ҳуқуқи Аллоҳ ба инсон як маротиба ва абадӣ дода шудааст. Ҷомеа бояд аз рўи он кор кунад. Инсон набояд ҳуқуқҳои навро дар натиҷаи тағйир ёфтани шароитҳои иҷтимоӣ фикр карда барояд. Ҳақиқат тибқи назарияи ҳуқуқи ислом ваҳйи худовандист, ки онро фаҳмонидан ва тафсир кардан зарур аст. Дар ин ҷода ҳуқуқшиносони дини ислом-фақеҳон асрҳо заҳмат кашидаанд. Аммо, фаъолияти онҳо на ба таҳияи ҳуқуқи нав, балки танҳо ба мусоид намудани ҳуқуи худовандӣ ба истифодаи амалӣ равона шуда буд.

Аз он, ки мувофиқи Ислом ҳуқуқи мусулмонӣ иродаи Худовандро ифода намудан аст, он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтааст. На танҳо он ҷанбаҳоеро, ки одатан ба доираи ҳуқуқ тааллуқ доранд. Зеро, ҳуқуқи мусулмонӣ дар фаҳмиши васеъ намозро муайян мекунад, ки мусулмон бояд онро хонад, рўза, ки онро бояд ҳар фарди мусулмон дорад, хайру эҳсон, ки ба мусулмон фарз аст ва аёдати ҷойҳои муқаддас, ки аз рўи имконият мусулмон бояд он ҷойҳоро зиёрат намояд. Бояд гуфт, ки маҷбуран риоя кунонидани ин қоидаҳо манъ аст. Ба ин маънӣ ҳуқуқи исломӣ чун низоми ягонаи танзимкунандаи иҷтимоӣ-меъёрӣ баррасӣ мешавад, ки дар худ ҳам меъёрҳои ҳуқуқиву ҳам танзимкунандаҳои ғайриҳуқуқӣ, пеш аз ҳама диниву ахлоқӣ ва анъанаҳоро ворид сохтааст.

Шариат- ҷавҳари ислом аст. Вай аз ду қисм иборат мебошад: теология ё принсипҳои эътиқод (ақида) ва ҳуқуқ (фиқҳ). Фиқҳ ё ин ки ҳуқуқи исломӣ дар навбати худ ба ду қисм ҷудо мешавад: якум, ба фарди мусулмон нишон медиҳад, ки вай дар зиндагиаш бояд чӣ гуна амал кунад. Дуюм, ўҳдадориҳояшро дар назди Худованд (ибодат) нишон додааст. Бо як сухан, бинобар ақидаи муҳаққиқони маъруф ибодат дар шариати Ислом ҳолати тобеиятро нисбати амал дорад. Ин ду қисмати шариат предмети илми ҳуқуқро дар он шакле, ки вай муайян ва аз тарафи мактабҳои ҳуқуқии гуногун (мазҳабҳо) омўхта шуда буд, ташкил медиҳанд.

Вазифаи асосии илми фиқҳ нигоҳ доштани алоқаи мустаҳкам байни қонунгузории давлати мусулмонӣ ва сарчашмаҳои аввалини он аст. Фарқият байни илми ҳуқуқи исломӣ ва илми дунявии ҳуқуқ аз он иборат аст, ки низоми ҳуқуқи мусулмонӣ аз Қуръон сарчашма гирифта, ваҳйи худовандӣ на ин ки маҳсули ақли инсону шароитҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ҳарчанд, ки Ислом байни се динҳои ҷаҳон аз ҳама ҷавонтарин аст, (тақрибан чордаҳ аср инҷониб амал мекунад) вай хеле васеъ паҳн шудааст. Ислом на танҳо идеологияи муайян бо таълимоти диниву ахлоқиаш аст, ҳамзамон фарҳанги махсуси тамаддуни тавҳидӣ низ мебошад. Меъёрҳои вай ба ҳалли масъалаҳои диниву шахсӣ ва ҳамзамон ба танзими амали ҳамарўзаи мусулмон дар ташаккули образи он ба ҳаёти ҳаррўза равона карда шудааст.

Дар маҷмўъ то асри Х1Х эволютсияи маърифати ҳуқуқии мусулмонон дар шарҳҳои ҳуқуқии динӣ ва маҷмўи фатвоҳо ба таври афзалиятнок инъикоси хешро ёфта буданд, ки онро бо усули нави анъанаҳо ва принсипҳои шариат тавсиф мекарданд. Ҳамзамон онҳоро ҳеҷ гоҳ рад намекарданд ё шакли муқаррариашонро дигар намекарданд. Дар чунин шароитҳо ҳуқуқи мусулмонӣ нисбатан кам ё зиёд ба аҳамияти иҷтимоиаш ҷавоб медод.

То ибтидои асри Х1Х вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии халқҳои олами ислом хеле суст тағйир меёфт. Шариат ба ҳолати тағйирнаёбии онҳо нигоҳ накарда, ба талаботи онҳо пурра ҷавобгў буд. Аммо, бо барҳам хўрдани Империяи Усмонӣ дар Шарқи Наздик таъсири давлатҳои Ғарби Аврупо пурзўр гардид. Пешвоёни мусулмонон баъди муносибат ёфтан бо олами беруна фаҳмиданд, ки барои тоб овардан ба рақобати сиёсию иқтисодии давлатҳои Аврупо бояд низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқиро модернизатсия (такмил додан) кард.

Воридшавии сарчашмаҳои ҳуқуқии шакли Аврупо раванди барнагарданда буда, тамоми мамлакатҳои исломро дахл кард, ки қаблан ҳуқуқи мусулмонӣ бо шакл ва сарчашмаҳои худ ҳукмрон буд. Низомҳои ҳуқуқии ин мамлакатҳо тағйиротҳои назаррасро дар ҷодаи аҳамият, доираи амал ва вазни қиёсии ҳуқуқи мусулмонӣ кам гардида, худи ҳуқуқ бо шакли зоҳириаш ба ҳар ҳолат баъзе маводҳоро аз кодфиикатсияи Аврупо қабул кард. Аммо, ҳарду аз ин равандро аз ҳад зиёд кардан лозим нест. Хусусан дар самти фаъолшавии ислом, ки дар чаҳоряки охири асри ХХ бо ҳаёти сиёсии бисёр аз давлатҳои мусулмон тавсиф мешуд. Ин фаъолшавӣ талаботи даст кашидан аз модулҳои ҳуқуқи Ғарб ва пурра барқарор шудани тамоми меъёрҳову принсипҳои ҳуқуқи мусулмониро ба миён овард.

Дар замони муосир бештар аз 50 мамлакати ҷаҳон, зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион инсонҳо мусулмон буда аз рўи меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки дини Ислом ҷаҳонишавии тавҳидиро яъне эътиқод ба ягонагии Худованд на танҳо аз нигоҳи таърихи, балки дар шароитҳои муосири тараққиёти илму техника, инкишофёбии қонунгузории даҳҳо мамлакатҳо хеле хуб мушоҳида мегардад.

Дар охир аз Худованди Карим таманно дорам, ки барои ҳар як фарди мусулмон тавфиқу ҳидоят, ахлоқу одоби ҳамида, бахту саодати ҷовидонаро насиб гардонад. Ҳамеша қалбҳоямонро бо нури Қуръон мунаввар ва музайян, тансиҳативу хонаободиро насибу рўзи ва қадамҳоямонро дар роҳи сирота-л-мустақим барқарору устувор гардонад.

Воситов Ҳ.А.
сармуалими кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳукуқ

Add comment


Security code
Refresh