Рочеъ бо табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир

Дар шароити тағйирёбиҳои куллии иҷтимоӣ ва арзи вуҷуд намудани парадигмаҳои нав масъалаи табақабандии иҷтимоӣ ба муаммои баҳсталаб табдил ёфтааст.

Вазъи воқеии табақабандии ҷомеаи муосир чӣ гуна аст ва дар шароити зудтағйирёбии ҷомеа кадом омилҳоро бояд ба инобат гирифт, зарурати табақабандӣ, нақши табақабандӣ дар устуворӣ ва пойдории давлат, ташаккули ҷомеаи нав ва ғайраҳо масъалаҳои хело муҳим ва баробари ин хело мураккаб мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба саволҳои дар боло зикршуда якранг ва қатъан ҷавоб гуфтан душвор аст, аммо мо бо қадри имкон мекўшем дар доираи мақолаи мазкур ба баъзе паҳлўҳои баҳсталаби ин муаммо рушанӣ андозем. Қаблан бояд дар назар дошт, ки муаммои табақабандии ҷомеа падидаи таърихист ва решаҳои чуқури иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад.

Аввалин кўшишҳои табақабандии иҷтимоӣ (табақа-қишр, қабат, гурўҳи иҷтимоии майда, ки барои муайян намудани қабати аз синф хурдтари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дорад)-ро мо дар фалсафа ва фарҳанги ҳиндуҳо дар китоби қадимаи ҳиндуҳо «Ригведа» мушоҳида мекунем. Дар китоби муқаддаси зардуштиён Авесто бошад гурўҳҳои иҷтимоӣ-касбӣ ба монанди рўҳониён, сарбозон, катхудоён (деҳқонони бои чорводор), ҳунармандон, табақаҳои болотари родмардон (ашрофон), асилзодагон ба таври мушаххас ба назар менамояд. Дар ин хусус академик Б. Ғафуров таъкид менамояд, ки « мувофиқи матнҳои «Авесто» дар давраи гузариш аз ҷомеаи ибтидоӣ ба ғуломдорӣ тафриқаи иҷтимоию молу мулкӣ хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар қисмати мухталифи Авесто ба кадхудоён ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровонро соҳибанд» [1, 74-75].

Дар асарҳои муттафакирони машҳуртарини Шарқу Ғарб Конфутсий, Афлотун, Арасту, Форобӣ, Насриддини Тусӣ, Ибни Халдун сиришти иҷтимоии инсон чун хати сурх гузашта сабабияти барқарорию пошхурии ҷомеаи инсонӣ дар сатҳи баланди маърифативу инсондўстӣ таҳқиқу таҳлил карда шудааст.

Форобӣ дар асари машҳури худ «Мадинаи фозил» сокинони ин ҷомеаи ормониро бо ифтихор дар сатҳи баланди иҷтимоӣ интихоб намуда сохтори мадинаи фозилро ба сохтори бадани томи инсон ташбеҳ медиҳад, ки ҳар як узви он барои тамомият ва ҳифзи ҳаёти вай хидмат мекунад. Насриддини Тусӣ дар «Ахлоқи Носирӣ» ном асари машҳураш баъд аз Арасту ба табиатан вуҷуди иҷтимоӣ будани инсон ва тақсими корро асоси ваҳдати ҷомеа мушуморад.

Дар ин маҷроҳ ақидаҳои муттафакирони давраи нав монанди Ш.Монтеския, Ҷ.Лок, Ибни Халдун, ки аз мавқеи гуногуни табиат хусусиятҳои муҳимтарини табақабандии иҷтимоиро маънидод мекунанд, хело ҷолиби диққат аст. К. Маркс бошад, заминаи табақабандии иҷтимоиро дар ҳаёти моддии ҷомеа ва таҳаввулоти тарзи истеҳсолот мебинад ва маҳз ишора мекунад ки « сармоядор ҳокимиятро на бо туфайли хосиятҳои шахсӣ ё инсонии хуб соҳибӣ мекунад, балки ҳамчун соҳиби моликият» [2, 59]. Исботи ин таълимотро В. И. Ленин дар таърифи марксистии синф, дар асараш «Ташаббуси бузург» чунин овардааст: «Синфҳо гуфта, гурўҳи калони одамонеро меноманд, ки аз рўи мақоми ишғолкардаашон дар системаи муайяни таърихӣ, истеҳсолоти ҷамъиятӣ, аз рўи муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, аз рўи роле,ки дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебозанд ва аз рўи аз худкуниҳои ҳаҷми боигарии ҷамъиятӣ, ки дар ихтиёри худ доранд аз дигарҳо фарқ макунанд» [3, 449].

Назарияи марксистӣ асоси моддӣ ва ба таҳаввулоти тарзи истеҳсолот вобаста будани табақабандии ҷомеаи инсониро сотсилоги машҳури олмонӣ М. Вебер ҳам инкор намекунад. Вале маълум аст, ки ҳар як марҳилаи таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоии одамон нақши худро гузошта хусусиятҳои хоси муносибатҳои нави ҷамъиятиро тавлид мекунад. Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки назарияи иҷтимоии маркс ҳам ба давраи муайяни таърихӣ, яъне аз тақсимоти аввалини меҳнат то марҳилаи индустриалии рушди ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар зинаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа дар заминаи ҷорӣ карда шудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ва тағйироти куллӣ дар ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонӣ, ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар тафакури иҷтимоии ҷомеаи Ғарб таҳқиқу таҳлил ва хулосабардориҳои нав дар табақабандии иҷтимоӣ ба миён овард. Дар ибтидои асри XXҷомеашиносони бо ном бурҷуазии Ғарб- мафҳуми табақабандии иҷтимоии марксистиро бо ибораи страта (табақа) иваз намуда ба ҷомеаи постриндустриалӣ мувофиқ кардани шуданд.

Осиёи Миёна, аз ҷумла, халқи тоҷик на як мавҷи азнавсозии таркиби иҷтимоии ҷомеаро чун падидаи мусбӣ – прогрессивӣ аз сар гузаронидааст. Бори аввал солҳои 80-90-уми қарни XIX баъд аз ҷониби Россияи подшоҳӣ забт карда шудани Осиёи Миёна ва ба фазои муносибатҳои сармоядорӣ кашида шудани шаҳру деҳот, тавлиди синфи коргар ва бурҷуазияи миллӣ, кулакҳо ва деҳқонони миёнаҳоли ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шударо ба миён овард. Дар ин марҳила табақабандии иҷтимоӣ ба дараҷаи молу мулк, касбу ҳунар, маълумотнокӣ, дину оин сурат гирифт. Бори дуюм табақабандии иҷтимоӣ баъд аз ғалабаи Октябр (1917) ва барпо гардидани ҳокимияти синфи коргар солдатҳо ва деҳқонони камбағал ба миён омад. Табақабандии иҷтимоӣ ин марҳила соф синфӣ иерархӣ (мансабу мартабаи давлатӣ) ва сиёсӣ гардонида шуда буд.

Барқарор гардидани диктатураи пролетарият дар шакли Шўрои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонони камбағал, мазмун ва моҳияти табақабандии иҷтимоии гўшаву канорҳои собиқ мустамликаи Россияи подшоҳиро ба куллӣ тағйир дод; тазодҳои азалии байни собиқ табақаҳои истисморкунанда (мағлубшуда) ва истисморшванда (ғолиб)-ро тезу тунт ва моҳияти синфӣ-антогонистии ашаддии онро бараҳна намуд, табақаҳои кўҳнаи иерархӣ-соҳибони молу мулк ба дараҷае соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, нигоҳдорандагони касбу ҳунар, урфу одат, анъанаҳои маданӣ, салоҳияту мавқеи худро аз даст доданд. Синфи коргари оддӣ, деҳқони камбағали қишлоқ ва қисми зиёиёни инқилобӣ, ки дар асл соҳиби молу мулк ё маърифати казои надоштанд онро ишғол намуданд.

Кулакҳо (бурҷуазияи қишлоқ) ҳамчун душманони синфӣ нест карда шуданд ва инчунин рўҳониён- барандагони фарҳангу ахлоқи динӣ ҳамчун табақаҳои зараровар аз муносибатҳои иҷтимоӣ- ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ дур карда шуданд. Пролетариати Россия ( қисми аз ҳама инқилобии синфи коргар) аз такягоҳи давлати Шўравӣ ба қувваи кирояи давлат – хўҷаини мутлақи моликият табдил ёфт. Деҳқонони колхозӣ ба замини ҷомеавӣ вобаста карда шуда, дар федератсияи Россия то солҳои 1936, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна то слоҳои 60-ум ба воситаи реҷими паспортӣ дар як ҷой нигоҳ дошта мешуданд. Ин маҳдудиятҳо раванди табиии табақабандии нави иҷтимоии ҷомеаро боздошта садди роҳи тараққиёти иҷтимоӣ гардиданд.

Бо назардошти мақсади асосии мақолаи мазкур бояд тазаккур дод, ки бе таҳқиқу таҳлил ва кушода додани асоси таркиби иҷтимоии ҷомеаи Шўравӣ то солҳои 80-уми қарни XX, ошкор намудани таркиби иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар даврони Шўравӣ то замони соҳибистиқлолӣ ва то ҳол аз имкон берун аст. Чӣ тавре, ки маълум аст, табақабандии иҷтимоии ҷомеаи шўравӣ, ки натиҷаи табаддулоти инқиолобӣ аз поён буд, бо назорати сиёсӣ ва маъмурӣ фаро гирифта шуда буд. Дар он нақши асосиро системаи этократӣ – ба ҳам омезиши ҳокимият ва моликият (афзалияти моликияти давлатӣ), шакли давлатӣ - инҳисории тарзи истеҳсолот, бартарияти тақсимоти марказонидашуда, миллитаризатсияи иқтисодиёт, табақабандӣ тибқи мансабу мартаба, ки мавқеи фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоӣ аз ҷои ишғол кардаашон дар структураи ҳокимияти давлатӣ, муайян карда мешуд иборат буд.

Ба ҳамаи ин ноқисиҳо – маҳдудиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва эҷодкории шаҳрвандон нигоҳ накарда, дар шароити танқисии истеъмолӣ ва суфта гардидани маош вобаста ба тартиботи афзояндаи истеъмлоии меҳнаткашон (мансабдорони баландпояи давлатӣ ва табақаҳои доро аз ҳар ҷиҳат таъмин буданд) ва баланд гардидани нақши афзалияти маишӣ тақсимшавии бозори исмтеъмолиро ба бозорҳои руст (спессекторҳо) ва иқтисодиёти хуфия (теневая экономика)-ро ба миён овард. Шароити моддӣ ва маишии гурўҳҳое, ки дар раванди тақсимот дар соҳаи савдо, таъминот ва мағозаҳои махсуси давлатӣ ва нақлиёт кор мекарданд, беҳтар гардид. Руҳи соҳибкорӣ қишрҳои поёнии аҳолиро низ фаро мегирад, гурўҳи тоҷирони хусусӣ истеҳсолкунандагони чапдаст (ловкачи), сохтмончиёни хусусӣ (шабашники) ташаккул меёбанд. Ҳамин тавр, дар дохили иқтисодиёти сотсиалистӣ унсурҳои бозоргонӣ аз поён ҳамчун воситаи ягонаи сатҳи баланд бардоштани моддӣ ва маишии ҳаети мардум ба миён меомад.

Бояд тазакур дод, ки дар ибтидои солҳои 90 ҷомеаи шўравӣ аз ҷиҳати сатҳи маълумотнокӣ ва мавқеи профессионалӣ аз табақаи миёнаи Ғарб тафовут надошт яъне реҷими коммунистӣ падидаи ғайриоддиро тавлид намуд, ки миллионҳо одамон аз ҷиҳати маданият ва хоҳиши худ бурҷуа буданд, вале ба системаи иҷтимоӣ – иқтисодие дохил мешуданд, ки онро инкор мекард.

Дар мамлакатҳои тараққикардатарини Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ҳоло дар нимаи дуюми қарни XIX барои тавлиди назарияҳои нави такомулу тағйири таркиби иҷтимоии синфи коргар ва ташаккули табақаҳои нави ҷомае заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён омад. Мамлакатҳои индустриалии Аврупои Ғарбӣ ва ИМА аз ҳисоби маблағҳои аз мустамликаҳо ғорат карда шуда, миллитаризатсияи иқтисодӣ ва фурўши яроқ, ҷори намудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ба тараққиёти баланди иқтисодӣ ва молиявӣ муваффақ гардиданд.

Ин болоравӣ ба маълумот, ихтисос, афзалияти касбӣ, даромади пулӣ ва инчунин ба аҳволи маишӣ – мадании синфи коргар таъсир расонда таркиби иҷтимоии онро ба куллӣ тағйир дод. Ҷомеашиносон бо ном бурҷуазӣ ин тағйиротҳоро ба назар гирифта, дарки марксистии таркиби иҷтимоии ҷомеаро ба мафҳуми страта (табақа) иваз намуданд. Страта аз воҷаи лотинӣ stratum – қишр, қабат ва facere – кардан гирифта шуда моҳиятан системаи нобарии иҷтимоӣ, иборат аз маҷмуи ба ҳам алоқаманд ва аз ҷиҳати мансабу мартаба табақаҳои иҷтимоӣ муташаккилро мефаҳмонад.

Дар байни онҳо назарияи функсионалонии сотсиологии франсавӣ Э. Дюргейм ва назарияи сотсиологии олмонӣ М. Вебер дар хусуси «низои синфӣ» аҳамияти хоса дорад. Э.Дюргейм ба хулоса омад, ки дар ҳар як ҷомеа баъзе намудҳои фаъолият муҳимтар ҳисоб мешавад ва фардҳои аз ҳама истеъдоднок дар ҷомеаи тараққикарда вазифаҳои аз ҳама муҳимро бояд иҷро кунанд. Ба ақидаи функсионалистон нобаробарии иҷтимоӣ ин падидаи функсионалӣ ва универсали буда, стратификатсияи иҷтимоӣ дар кулли ҷомеаҳо ногузир аст.

М. Вебер чунин мешуморад, ки ба синфе муттаалиқ будан нафақат аз рўи назорат аз болои воситаҳои истеҳсолот, инчунин фарқиятҳои ихтисосӣ, касбӣ ва салоҳияти онҳо дар ҷамъият муайян карда мешавад.

Хулоса, дар маркази таълимоти сотсиологҳои франсавӣ Э. Дюргейм, олмонӣ М. Вебер, амрикоӣ Парсонс, Метрон, Мур, Девис ва ғайраҳо, ки дар нимаи дуюми қарни XIX пешниҳод када буданд, ақидаи ягонаи консенсуси граҷданӣ бо роҳи ба эътибор гирифтан ва ба танзим даровардани манфиатҳои иҷтимоӣ қишрҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ гузошта шуда аст. Онҳо роҳи инқилобии азнавсозии ҷомеаро роҳи таназзули пешрафти ҷамъиятӣ меҳисобиданд.

Табақабандии иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои 60-70- уми қарни XX ба моҳияти системаи сиёсӣ ва иқтисодии сохти Шўравӣ ва хусусияти таърихӣ, равонӣ, анъанаву суннатҳои миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асли худ, ки дар меҳнати сарҷамъонаи ҷамъиятӣ инъикоси худро ёфта буд, мувофиқат мекард. Инқилоби Октябр (1917) барои мардуме, ки асрҳо дар зери зулм ва асорати ғосибони аҷнабӣ ва феодалҳои бойи маҳаллӣ миён мешикаст, маҳрум аз ҳуқуқҳои табиии худ, бо хориву зорӣ умр ба сар мебурд – мўъҷизае буд. Зеро, бори аввал ба номи синфи коргар ва деҳқонони камбағал русто ҳукумати ташкилгардида, ба коргар завод ва ба деҳқон замин дод. Синфи коргар худро хўҷаини завод, фабрика, деҳқонон бошанд соҳиби замин ва моликияти ҷомеавӣ ҳисобида мешуданд. Онҳоро ҳиссиёти баланди ватандўстӣ ва фидокорӣ ба иҷрои нақшаҳои тараққиёти хоҷагии халқ сафарбар менамуд. Тараққиёти илму техника дар асоси истеҳсолоти ҷамъиятӣ, мактабу маориф, сатҳи муътадили маданӣ ба таркиби иҷтимоии ҷомеа таъсири ҳаматарафа расонд. Дар шаҳру рустоҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ – мутахассисони инҷенер – техникӣ, механизаторон, типи нави зиёиёни бо донишҳои техникӣ мусаллаҳ ташаккул ёфт. Комплекси агросаноатӣ, кооператсияи хоҷагии қишлоқ тадриҷан фарқи шаҳру деҳотро аз байн барошта ба посёлкаҳои типи шаҳр асос гузошт. Колхозу совхозҳои пешқадам дар амал ба муассисаҳои агарарӣ – индустриалӣ ва маркази маданияти истеҳсолоти пешқадам табдил ёфтанд. Соҳаҳои муҳимтарини саноати вазнин, ки дар ибтидои саноатсозӣ ба мо дастрас набуд, ба монанди истеҳсоли барқ, мошинсозӣ, металургияи ранга бо суръати тез тараққӣ мекарданд.

Сохтмони умумииттифоқии маҷмаи истеҳсолӣ – терреториявии ҷануби Тоҷикистон, ки асоси онро истгоҳи барқии Норак ташкил мекард, ба таври куллӣ зерсохтори хоҷагии халқи Тоҷикистонро тағйир дод. Тоҷикистон аз ҷумҳурии пурра аграрӣ ба ҷумҳурии индустриалӣ – аграрӣ табдил ёфт. Олимон ва деҳқонони ҷумҳурӣ ва минтақа аз технологияи нави коркарди пахта истифода бурда дар Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳосили аз ҳама баланди пахта ноил гардиданд ва бо ҳамин ҳиссаи кироии худро дар ҳалли вобастагии Иттиҳоди Шўравӣ аз бозори ҷаҳонӣ дар фурўши пахта гузоштанд.

Стратификатсияи иҷтимоии чомеаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо ба алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқ аз ҷумла Федератсияи Россия вобаста буд. То пароканда гардидани Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон бо 700 корхонаву муассисаҳои Федератсияи Россия алоқаи иқтисодӣ ва савдо дошт. Як комбинати шоҳибофии ш.Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) 30 шаҳри Россияро бо маводҳои бофандагӣ таъмин менамуд, ба 65 шаҳри Федератсияи Россия аз он ҷумла Москва, Ленинград, Саратов, Свердловск, Хабаровск ва дигарҳо матоъҳои шоҳигини комбинат равона карда мешуданд. Заводи «Торгмаш» - ш. Ленинобод ба 560 шаҳрҳои мамлакат ба 700 суроға маҳсулоти худро равона мекард.

Мутахассисони миёнаи техникӣ барои заводу фабикаҳои нав дар омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ ва техникумҳои Федератсияи Россия тайёр карда мешуданд. Зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистониён дар сохтмонҳои умумииттифоқии Федератсияи Россия меҳанат мекарданд Дар ду ҳафтсола солаҳои 1970-1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 корхонаҳои калон ба амал омада маҳсулоти саноатӣ 11,6 баробар афзуд, ки ин аз ҷиҳати иттифоқ хеле баланд буд. Бояд тазаккур дод, ки таъсири бўҳрони сиёсӣ, идеологӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз он ҷумла Тоҷикистон таъсири миёншикан надошт. Тараққиёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар маҷрои муайяни осоиштагӣ бо дастгирии ҳаматарафаи ҳукумати Иттифоқ бо меҳнати фидокоронаи халқ, ки аз тақдири худ дар оилаи бародаронаи халқи сермиллати Шўравӣ розӣ буданд, пеш мерафт.

Вале бозсозии горбочёвӣ, ки ҳамчун чорабинии аз ҳолати барчамондагӣ баровардани мамлакат пешбинӣ шуда буд, бо сабабҳои мувофиқат накардан ба ҳақиқати воқеии системаи сиёсӣ ва идеологӣ шикаст хўрда, ба катализатори тезондани бўҳрони ҳамагонӣ дар мамлакат мубаддал гардид. Фурсати аз боло, тадриҷан бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба монанди ҷумҳурии халқии Хитой ва Кореяи Шимолӣ дар доираи интизоми қатъии ҳизбиву давлатӣ ва муттаҳидӣ меҳнаткашон дар атрофи Ҳизби коммунист гузаштан, аз даст рафт.

Асоси табақабандии нави ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марҳилаи хеле ҳассосу пуртаҳлукаи мамлакат иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олӣ гузошт. Иҷлосия асосҳои системаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ягона, ки дар асл ин мафҳумҳо дурнамои ҷомеаи Тоҷикистонро инъикос мекарданд, муайян намуд. Қарорҳои таърихии иҷлосия механизми табақабандии нави иҷтимоии Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод.

Баъд аз борқарор гардидани ҳукумати констисутсионии ҶТ ҷои пирамидаи номенклатурӣ-ҳизбиро сарварони навташкил, гурўҳҳои соҳибкорони навбаромад (тоҷикони нав), сарватмандон (онҳое, ки дар мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва ҳизбӣ барои ягон рўзи сиёҳ захираи молу сарват карда буданд), мулкдорони миёнаву майдаи баъди ислоҳоти Горбочёвӣ ба миён омада, гурўҳҳои қумондонҳову ҷанговарон (боевикҳо), тоифаи пуриқтидори мафиоз, судхўрон, пулҷаллобон гирифтанд. Сиёсати хусусигардонии молу амволи давлат дар Иттиҳоди Шўравӣ дар ҳамон марҳила шарти асосии пойдор мондани давлат, заминаи асосии стратификатсияи нави ҷамъиятӣ буд.

Ҳоло табақабандии нави таркиби иҷтимоии ҷомеа Тоҷикистонро бо роҳи рушди иқтисодӣ, иҷтимоии мардуми кишвар дар ҳамин раванд баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ, фарҳанг ва маърифарнокии фардҳои алоҳида ва аҳли ҷомеа ба даст овардан мумкин аст. Тағйироти миқдорӣ ва сифате, ки дар таркиби иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи нави тараққиёт ба миён омад, табақаҳои гуногуни иҷтимоиро аз рўи нишонаҳои салоҳиятӣ, манфиатҳои давлатӣ, иқтисодии – сиёсӣ ва иҷтимои – фарҳангӣ, дар маҷмўъ аз рўи манфиатҳои моддӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ба синфҳои ғайриантогонистии болоӣ, миёни ва поёни муттаҳид мегардонад.

Хусусан давр вазъи кунунӣ – тезу тунд гардидани зиддиятҳои иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва давлат нақши синфи болоӣ ва миёна дар аз байн рабудани зиддиятҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз ҳад калон аст. Синфи болоӣ (сармоядории калону миёна, менеҷерҳои олӣ, сиёсатмадорон, идоракунандагон истеҳсолот) дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб, ИМА субъекти асосии ҳокимияти сиёсӣ буда, тараққиёти устувори ҷомеаро бе таркишҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд, синфи миёна дар пур намудани хазинаи давлат, хусусан дар мамлакатҳои нав ба иқтисоди бозорӣ дохил шуда нақши калон мебозад. Маҳз синфи миёна қодир аст дар назди давлат ҳалли масъалаҳои мубрами моҳияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳуқуқидоштаи дохили, ба монанди, ҳифзи соҳибкорӣ, мубориза ба муқобили фасод, ғояҳои маҳалгароӣ, риояи адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳоро кўндаланг гузорад.

Синфи миёнаи нав (соҳиби мулки майда ба воситаҳои истеҳсолот мутахассисони маълумоти олидор, кормандони меҳнати ақлӣ, намояндагони ихтисоси озод) – маҳсули ассимилятсияи аристокартияи коргарӣ ва хизматчиён бо табақаи ҳукумрон – идоракунандагони истеҳсолот мебошад.

Нақши синфи миёна дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтомоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа беҳамтост. Синфи миёна ҷамъиятро бо тамоми чизҳое, ки барои зиндагии муътадил зарур аст, аз он ҷумла, бо ҷои кор, молҳои истеъмолӣ, ёрии тиббӣ, кашфиётҳои илмӣ таъмин менамояд. Аз ҷиҳати сиёсӣ синфи миёна базаи иҷтимоии ҳаракатҳои –нигоҳдорандаи дарҷаи баланди шаҳрвандӣ ва соҳибихтиёрии сиёсӣ мебошад. Дар структураи иҷтимоии ҷомеа зиёд будани табақаҳои миёна имконият медиҳад, ки ба тез-тез афзудани шиддатнокӣ дар байни табақаҳои поёнӣ устуворӣ нигоҳ дошта шавад.

Ҳоло нуфузи «Синфи миёнаи нав» дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб 30-35%-и аҳолиро, дар Россияи кунунӣ 25-30%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳоло фақат тамоили мусбии ташаккули структураи таркиби иҷтимоии, соҳибкории хурду миёна ба чашм мерасад.

Вале барои устувории ин раванд асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии он пурра муҳайё нест, рафтору кирдори одамон (чӣ дар иқтисодиёт ва чӣ дар маънавиёт) хосияти ҷамъиятӣ пайдо накардааст ва бо афзалияти касбӣ дараҷаи даромаднокӣ (муҳаррики асосӣ) мустаҳкам карда нашудааст.

Дар марҳилаи хозира вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҳиссаи меҳнати фикрӣ, баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ ва донистани як ё ду забони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимоти олӣ, пойдо гардидани гурўҳҳои забони таълимиашон англисӣ, васеъ истифода бурдани шабакаи умумиҷаҳонии интернет, ҳамкории мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат дар тайёр намудани аспирантҳо, докторантҳо, курсҳои такмили ихтисос бо донишгоҳҳои сернуфузтарини Германия, Австрия, Италия, ИМА ва дигар мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҳисоби донишҷўёни фаъол ташкил намудани гуруҳҳои пешхизмат дар Донишкадаи Иқтисод ва савдои ДДТт ба ҳукми анъана даромада аст аз ояндаи ташаккулёбии табақаҳои нави иҷтимоӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад.

Ҳоло кулли чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон ва аз он ҷумла вохўриҳои Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва дастгирии ҳуқуқиву молиявии давлат (қарзҳои дарозмуддати камфоиз аз тарафи бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, кўмаки ташкилотҳои байналхалқӣ ба бизнеси майда), эълон карда шудани моротория ба муддати 3 сол, тафтиш аз болои фаъолияти соҳибкорони миёнаву майда, ба деҳқонон ҷудо карда шудани зиёда аз 75 ҳазор га замин ва қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои камтарин, ба воситаи шартномаҳои байни давлатӣ аз нав таҷҳизонидани паркҳои техникаи хоҷагии қишлоқ ва ғайраҳо дар табақабандии нави таркиби иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар асл бевосита ба ташаккули таркиби нави иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон равона карда шудааст.

Авазматов Ниматулло
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh